Jump to content

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Пешво: Ғиёсиддин Ашурзода
Санаи асосгузорӣ: 9 ноябр 2005
Қароргоҳ:
Маром: social liberalism[d]


Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Яке аз панҷ ҳизб, ки намояндагӣ дар порлумони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон доранд. Раиси ҳизб — Ғиёсиддин Ашурзода.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд[1] Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро «ҳизби кисагии ҳукумат» хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид.[2]. Зимнан, О.Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд.

Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Олим Бобоев, раҳбари ҳизбро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.[3] Бори дуюм Олим Бобоев ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 иштирок кардааст. Ӯ ин дафъа (3,91 дарсад) овозҳои интихобкунандагонро ҷамъ оварда буд.[4]

Моҳи декабри соли 2019 дар Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раиси пешини ҲИИТ Олим Бобоев аз мансаби раиси даст кашид ва Рустам Раҳматзода (Рустам Қудратов) - сиёсатмадор, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд.

20 июли соли 2024 зимни ҷаласаи ғайринавбатии ҳизб, раиси пешини ҲИИТ Рустам Қудратов аз мансаби раиси даст кашид. Рустам Қудратов таклифи идомаи фаъолият ба ҳайси роҳбари ҳизбро рад кард ва таъкид намуд, ки барои муваффақияти бештар дар интихоботи парлумонии соли 2025 аз вазифа меравад. Бояд гуфт, Рустам Қудратов 5 соли охир, аз соли 2019 роҳбарии ҲИИТ-ро ба зимма дошт. Ғиёсиддин Ашӯрзода Раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.[5].

Ғиёсиддин Ашӯрзода сеюмин раиси ҲИИТ гардид. Ӯ 48 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст. Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласаи ғайринавбатӣ Машраб Файзулло, ректори кунунии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон бори дигар муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Якҷо бо ӯ, Рустам Қудратов, Сарвиноз Наҷмиддинова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

Тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол ҲИИТ 33 ҳазор аъзо дорад.[6].

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимҷон Бобоев ва Рустам Раҳматович Қудратов — 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V шудаанд[7]

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2020

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:

  1. Қудратов Рустам Раҳматович
  2. Машраб Файзулло Курбоналӣ
  3. Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович
  4. Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода
  5. Ализода Зафар Аҳмадҷон
  6. Раҳимов Абдулатиф Маҷидович
  7. Раззоқов Боҳодур Ҳаётович [8]

Қудратов Рустам Раҳматович, Машраб Файзулло Курбоналӣ — 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI шудаанд.

1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% 36 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50% 4 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% 4 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11% 0 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро 4 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[9]

Интихоботи Раиси ҳизб

[вироиш | вироиши манбаъ]

25 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷуман, Раиси ҳизб Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод номзади илмҳои иқтисод, мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон интихоб гардид.[10]

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:

  1. Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод, таваллудаш соли 1976, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , сокини шаҳри Душанбе
  2. Ҳақназарзода Фирўз Ғоибфар, таваллудаш соли 1968, сармуҳаррири рўзномаи «Навиди Кўлоб», сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
  3. Маҷидзода Сарвиноз Комил, таваллудаш соли 1986, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  4. Ализода Зафари Аҳмадҷон, таваллудаш соли 1977, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  5. Солизода Наима Шодибой, таваллудаш соли 1990, мудири кафедраи Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  6. Изатуллозода Эмомалӣ, таваллудаш соли 1987, мутахассиси пешбари марҳилаи дуюми Барномаи иқлими сабз дар ноҳияи Данғара, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон.
  7. Абдураҳмонзода Абдусалом Абдураҳмон, таваллудаш соли 1968, сармутахассиси шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, сокини ноҳияи Шаҳринав.
  8. Бобозода Комил Олимҷон, таваллудаш соли 1987, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  9. Зувайдова Шарбону Ҳисаиновна, таваллудаш соли 1970, омўзгори Муассисаи таълимии №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.
  10. Раҳматзода Рустам, таваллудаш соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  11. Шарифзода Баҳром Маҳмуд, таваллудаш соли 1964, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
  12. Мусоев Фарҳод Маҳмадрасулович, таваллудаш соли 1986, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафобахш иншоот”, сокини шаҳри Душанбе.
  13. Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, таваллудаш 6 июли соли 1978, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор[11]

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд:

Дар рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳои ҳизби мазкур номи раиси ҳизб дар садри феҳрист қарор дошт, вале Ғиёсиддин Ашӯрзода аз ҳавзаи якмандатии Шаҳринав ғолиб омада, вориди Маҷлиси намояндагони МО ҶТ шуд. Аз ин рӯ, ба ҷои Ашӯрзода аз рӯйхати ҳизбӣ нафари баъдӣ соҳиби мандат мешавад.

1. Сарвиноз Маҷидзода, собиқ вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон.

2. Рустам Раҳматзода, собиқ вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон.

3. Зафар Ализода, собиқ вакили вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон. [12]

4. Наима Солизода, мудири кафедраи менеҷменти маркетинги Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон.[13].

5. Фирӯз Ҳақназарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.[14].

  1. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/02/100208_rm_shq_erpt_profile.shtml Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон BBC Тоҷикӣ 8 Феврали соли 2010
  2. http://www.ozodi.org/content/article/603305.html Ҳизби «Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» чӣ ҳадаф дорад? Озоди 20 сентябри с. 2005
  3. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130920_mm_elex_election_babaev.shtml BBC Тоҷикӣ 20 сентябр с. 2013
  4. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130920_mm_elex_election_babaev.shtml BBC Тоҷикӣ 20 сентябр с. 2013
  5. Дар Тоҷикистон раиси боз як ҳизб дигар шуд. Ғиёсиддин Ашӯрзода кист? (tj). asiaplustj(пайванди дастнорас — таърих) (21 июли 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  6. Дар Тоҷикистон раиси боз як ҳизб дигар шуд. Ғиёсиддин Ашӯрзода кист? (tj). asiaplustj(пайванди дастнорас — таърих) (21 июли 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  7. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
  8. Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 18.01.2020 аз тарафи КМИР ҶТ(тоҷ.). www.kmir.tj (18 Январ 2020). 4 апрели 2020 санҷида шуд.
  9. ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
  10. Анҷумани XI Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид(тоҷ.). www. khovar.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.
  11. ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
  12. НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?(тоҷ.). www.asiaplustj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
  13. Солизода Наима Шодибой(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  14. Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар(тоҷ.). www.parlament.tj. 14 май 2025 санҷида шуд.