Рустам Ҳайдаров
Рустам Ҷӯрабоевич Ҳайдаров | |
Таърихи таваллуд | 12 июл 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС |
Рустам Ҳайдаров (12.07.1970, Душанбе) — доктори илмҳои фалсафа (2007).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба итмом расонда, дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати лаборант фаъолияташро оғоз намудааст. Минбаъд дар ин боргоҳи илм вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ,мудири Шуъбаи сиёсатшиносиро иҷро карда, солҳои 1998-1999 дар Университети ба номи Фридрих-Александри шаҳри Ерланген-Нюрнбенги Германия, соли 2001 дар Институти омӯзиши масъалаҳои ҷаҳонишавии Университети Парис-Лодрони шаҳри Залтсбурги Австрия, солҳои 2002-2003 дар Институти сотсиологияи Университети шаҳри Ганновери Германия,соли 2006 дар Институти таҳлил ва ҳалли низоъҳои Университети Ҷорҷ Мейсони шаҳри Вашингтони ИМА , соли 2012 дар Маркази омӯзиши Осиёи Марказии Университети Озоди Берлини Германия, соли 2017 дар Маркази низоъшиносии Университети Марбурги Германия донишашро такмил бахшидааст. Аз соли 2019 ба ҳайси муовини Директори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмиашро давом дода истодааст. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар муҳаққиқи ҷавон диссертатсияи номзадиашонро ҳимоя намуда соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сиёсӣ шуданд. Ҷаҳонишавӣ, муқовимати геополитикии абарқудратҳо, амнияти минтақавӣ, ташаккули муносибати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои таҳкими субот дар Осиёи Марказӣ аз масъалаҳоеанд, ки дар меҳвари пажӯҳишаш қарор гирифтаанд. Мақолаҳои илмиаш дар нашрияҳои соҳавии Федератсияи Россия, Австрия, Германия,Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар давлатҳо чоп шудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Формирование новых общественных отношений в Таджикистане: Дисс… кандидата философ. наук. – Д., 2000;
- Таджикистан в орбите глобализационных и геополитических процессов. – Д., 2005.-152с.;
- Развитие Таджикистана в период глобализации. – Д., 2006.-190с.;
- Влияние процесса глобализации на транформацию таджикского общества: Дисс… доктора философ. наук. – Д., 2007.
- Тоҷикистон дар масири таҳкими Истиқлоли давлатӣ:ҷанбаи сиёсӣ-иҷтимоӣ.-Д.,2020.-108с.;
- Таджикистан в условиях глобализации: социально-философский анализ. -Д.,2020.-187с.;
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 июл
- Зодагони соли 1970
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон