Jump to content

Рухшона Восиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рухшона Восиева
Рухшона Қурбоновна Восиева
Таърихи таваллуд 21 май 1972(1972-05-21) (52 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Рухшона Қурбоновна Восиева (тав. 21.05.1972, Душанбе) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2016), профессор (2017). Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рухшона Қурбоновна Восиева хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тахсассуси омӯзгори забон ва адабиёти арабӣ ва тоҷикӣ (1994). Фаъолияти омӯзгориро дар Донишгоҳи тиҷорати Конибодом ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳо оғоз карда, ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 1999 бо сабаби баста шудани Донишгоҳи тиҷорати Конибодом фаъолияти кориро дар литсейи №50-и бачаҳои болаёқати шаҳри Конибодом ҳамчун муаллими забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон идома дод. Соли 2002 ҳамчун мутахассис оид ба нашри китобҳои Лоиҳаи бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф, 2002 дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи забонҳо фаъолият намуд. Ҳамчунин, соли 2006 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо гирифтани таҳсилоти олии дуюм аз ихтисоси ҳуқуқшинос (ғоибона) хатм намуд. Солҳои 2006-2008 ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, 2008-2011 дар вазифаи декани факултети забонҳои Шарқ ва солҳои 2011-2013 ба ҳайси муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кард. Сипас ба ҳайси профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Тоҷикистон Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолят кард (2017-2020).

Аз соли 2020 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Барои хизматҳои арзанда ва бенуқсон дар ҷодаи рушди соҳаи маориф ва илм бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2006 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Хусусиятҳои шаклию бадеии «Искандарномаи кабир» дифоъ намуд. Соли 2013 докторанти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С. Улуғзода буда, рисолаи докториро дар мавзуи «Роман дар бораи Искандар ва инъикоси он дар романҳои халқии «Искандарнома» дифоъ намуд (2016). Муаллифи 4 монография, 6 китоби дарсию дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ мебошад.


  • • Девони Насимӣ (дастури таълимӣ). Д., 2005;
  • • Романи «Искандарномаи кабир»-и Манучеҳри Ҳаким. Д., 2008.;
  • • Ташкилоти ғайриҳукуматӣ. Д., 2008, (ҳаммуаллиф бо Мирзоахмедов Ф.);
  • • Роҳнамо барои довталабони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (маҷмуаи методӣ). Д., 2008;
  • • Иншо (Маҷмуаи иншоҳо). Д., 2008., (ҳаммуаллиф бо Боқиев Ҳ.);
  • • Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ (китоби аввал) (ҳаммуаллиф бо Қ. Восеъ). Д., 2008;
  • • Суханварӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллиф Қ. Восеъ);
  • • Муқаддимаи адабиётшиносӣ (дастури таълимӣ-методӣ). Д., 2015. (ҳаммуаллиф бо Боев Ш.Э.);
  • • Ранний народний роман «Искандар-наме». Д., 2016;
  • • Искандарнома (ривояти форсии Каллисфени дурӯғин). (таҳия). Д., 2016;
  • • Мероси мондагор (Баррасӣ ва шарҳу таҳлили “Куллиёти осор»-и Абдуманнони Насриддин) (ҳаммуаллиф бо Қ. Восеъ). Хуҷанд, 2018.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ