Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон
Номи аслӣ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Соли таъсисёбӣ 1979
Донишҷӯён 5056[1]
Рангҳо
Мавқеъ Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ давлатӣ
Сайт ddzt.tj/index.php/tj

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (то 29 декабри 2022 — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода[2]) — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкада соли 1979 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Соли 2009 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода гузошта шудааст. Ректор — доктори илмҳои педагогика, профессор Идигул Қосимзода (аз соли 2015) мебошад.

Донишкада бо қарори Совети Вазирони ИҶШС аз 29 майи соли 1979 ба ҳайси Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ташкил шуда буд. Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1992 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 ба донишкада номи Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода гузошта шудааст.

Аз соли 2009 дар донишкада шуъбаи аспирантура ва аз соли 2012 магистратура ва шуъбаи тайёрӣ амал менамоянд. Дар дар 4 факулта ва 16 кафедраҳои донишкада зиёда аз 186 наф. кормандони илмӣ-омӯзгорӣ кор мекунанд, аз ҷумла профессорону усдодон аз донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ. Донишкада дар ин самт бо 13 донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Донишкада аз рӯи 19 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Донишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 10 ҳазор мутахассисони маълумоти олидор тайёр намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд[2].

Нахустин ректори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Р.Х. Додихудоев (аз соли 1980 то соли 1984) таъин шуда буд. Дар давраи фаъолияти минбаъда доктори илми фалсафа, профессор В.И. Приписнов (аз соли 1984 то соли 1990), ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Г.Н. Таранасова (солҳои 1990 – 1991), профессор Мавлудахон Наҷмиддиновна Абдуллоева (аз соли 1991 то соли 2003), доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ (аз соли 2003 то соли 2010) профессор Носирҷон Юсуфович Салимов (соли 2010), доктори илми фалсафа Зиёи Хуршед Махшулзода (солҳои 2011-2015), доктори илмҳои педагогӣ Қосимзода Идигул Тағо (соли 2015), доктори илмҳои педагогӣ Маҳмадулло Раҷабзода (солҳои 2016-2020) роҳбарии ин муассисаро ба уҳда доштанд. Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи декабри соли 2022 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва аз январи соли 2023 то ҳол Жило Гулназарзода, доктори илмҳои филология (2020), профессор ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.[3]

Факултаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар донишгоҳ 5 факултет фаъолият дорад:

  • Факултети филологияи тоҷик
  • Факултети филологияи рус
  • Факултети забони англисӣ
  • Факултети забонҳои Осиё
  • Факултети забонҳои Аврупо[4].

Устодони варзидаи донишкада[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]