Jump to content

Саидқул Турдиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидқул Турдиев
Саидқул Турдиев
Зодрӯз 15 июл 1912(1912-07-15)
Зодгоҳ

Хонобод,

ноҳияи Кӯлоб,

ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 3 октябри 1943, Киев
Мансубият  Иттиҳоди Шӯравӣ
Намуди лашкар пулемётчӣ
Солҳои хидмат пиёданизом[d]
Рутба СССР, Лейтенант
Қисм Таҳмдор
Набард/ҷангҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени «Нишони Фахрӣ»
 Парвандаҳо дар Викианбор

Саидқул Турдиев (15 июли соли 1912, деҳаи Хонобод, ноҳияи Балҷувон, вилояти Кӯлоб — 3 октябри соли 1943, Киев, Украина) - ҷанговари тоҷик, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944), лейтенант

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидқул Турдиев 15 июли соли 1912 дар деҳаи Хонобод, ноҳияи Кӯлоб, вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1937. Соли 1930 ба сафи комсомол дохил шуд. Баъди хатми Техникуми хоҷагии қишлоқи Вахш се сол дар совхози «Вахш» «агроном шуд. Июни 1941 ихтиёрӣ ба фронт рафт. Командири ротаи пулемётчиён дар дивизияи тирандозӣ буд.[1]

Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, 3 октябри соли 1943, ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад ва дар қабристони Байкове[2] шаҳри Киев ба хок супурда шудааст. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шудааст.[3][4]

  • Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь. Т.2. ‒ М., 1988;
  • Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. Душанбе, 1985;
  • Сафаров, Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.