Саидбурҳони Абдураҳмонзода
Намуди зоҳирӣ
Саидбурҳони Абдураҳмонзода | |
|---|---|
| Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон | |
| Таърихи таваллуд | 8 августи 1959 (66 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
| Ҷоизаҳо | Медали 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали «Хидмати Шоиста» |
Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – зооинженер, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон 8 августи соли 1959 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1976 Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хоруғ ва соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон хатм намудааст. Ихтисос: зооинженер
- Солҳои 1977-1978-духтури ҳайвоноти Савхози «Сағирдашт»;
- Солҳои 1978-1980-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ;
- Солҳои 1980-1986-духтури ҳайвоноти Савхози «Сағирдашт»;
- Солҳои 1986-1989-зоотехники фермаи чорвопарварии №2;
- Солҳои 1989-1991-мудири фермаи чорвопарварии Савхози «Сағирдашт»;
- Солҳои 1991-1995-сарзоотехники Савхози «Сағирдашт»;
- Солҳои 1995-2001-директори савхози «Сағирдашт»;
- Солҳои 2001-2006-директори хоҷагии зотпарварии «Сағирдашт»;
- Солҳои 2006-2013-раиси кооперативи истеҳсолии «Сағирдашт»;
- Солҳои 2013-2013-сардори истеҳсолот дар ҶДММ «Таком Голд»;
- Аз 13 декабр соли 2013 – раиси ноҳияи Дарвоз.
- Солҳои 2015-2020- Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум. 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
- Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоб шудааст.
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология (даъвати шашум, солҳои 2020-2025) [2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Медали 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 12 феврали 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Гурӯҳҳо:
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 8 август
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Дорандагони медали «Хидмати шоиста»