Саидмурод Мардонов
Саидмурод Мардонов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд: | 5 январи 1940 |
| Зодгоҳ: | деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор |
| Таърихи даргузашт | 23 майи 2025 (85 сол) |
| Касб: | ҳунарпеша |
Саидмурод Мардонов (5 январи 1940, ноҳияи Ҳисор — 23 майи 2025, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, ҳаҷвнигор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидмурод Мардонов 5 январи соли 1940 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кард ва баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, таи солҳои 1964—1966 ба ҳайси актёр фаъолият намуд.
Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дошт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидмурод Мардонов пеш аз нисфирӯзии 23 майи 2025 дар хонааш дар Душанбе дар 85-солагӣ даргузашт[1][2].
Ҷоизаву унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени «Нишони фахрӣ»;
- Аълочии коркуни маданияти СССР;
- Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон;
- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Меҳрофарин Наҷибӣ. Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта. asiaplustj.info. ASIA-Plus (23 май 2025). 29 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов аз олам даргузашт. АМИТ "Ховар". 23 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Саидмурод Мардонов. 30 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 июли 2015.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 январ
- Зодагони соли 1940
- Даргузаштагони 23 май
- Даргузаштагони соли 2025
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон