Саидқул Сабзаев
Таърихи таваллуд | 31 декабр 1947 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Порвори ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 ноябр 2020 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе,Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология, шоир,драматург |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб |
Саидқул Миралиевич Сабзаев — (31 декабри соли 1947, деҳаи Лархобӣ, ноҳияи Восеъ — 20 ноябри 2020, Душанбе, Тоҷикистон), забоншинос, шоир, драматург, доктори илмҳои филологӣ (1996), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2001), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидқул Сабзаев Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулобро хатм кардааст (1968). Омӯзгор (1969-1989), мудири кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб (1989-1993) ва декани факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа (1993-1998). Муовини мудири шуъбаи тарҷума, таҳия ва нашри асноди қонунгузории Маҷлиси Олии ҶТ (1999), мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1999- 2000), ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (2000-2004), профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав(2004-2005), сарэксперти Департаменти давлатии аттестатсионии назди Вазорати маорифи ҶТ (2005), декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005), мудири шуъбаи таълими забон ва адабиёти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон (2006-2008), мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2008-2010), профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2010).[1]
Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои асосии пажӯҳиши Саидқул Сабзаев омӯзиши луғоти осори насри тасаввуфии форс-тоҷик (асрҳои 11-12), забон ва услуби шоирони маорифпарвари садаи XIX, таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ мебошад. Зиёда аз 90 асари илмӣ, рисолаҳо, мақола ва дастурҳои таълимиву методӣ навиштааст.Таҳти роҳбарии Сабзаев чор нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Намоишномаҳои Саидқул Сабзаев - «Исёни Таҳмина » (1993), «Ҳазрати Амирҷон» (1995) дар театрҳои ш. Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа манзури тамошобинон гардидаанд.
Маҷмӯаҳои ашъораш бо номи «Хати роҳ» (2001), «Садафи меҳр» (2003), «Нони модарам» (2006), «Саошианта » (драмаи манзум) (2006), «Қиблаи фарзанд» (2008), «Хоки намозӣ » (2011) ба табъ расидаанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тасаввуф ва баъзе масъалаҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик.– Кӯлоб, 1989;
- Маҳорати суханварии Носири Хусрав. – Душанбе : Адиб, 2003;
- Каломи Президент дар таълими забон. Нашри 1. – Душанбе: Олами китоб, 2011.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Кафедраи забони тоҷикӣ, Саидқул Миралиевич Сабзаев(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 31 декабр
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Восеъ
- Даргузаштагони 20 ноябр
- Даргузаштагони соли 2020
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Намоишноманависони Тоҷикистон