Сайидсултон Сайидмуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайидсултон Сайидмуродов
Сайидсултон Сайидмуродов
Санаи таваллуд:

5 май 1905(1905-05-05) (114 сол)

Зодгоҳ:

Исфара

Маҳалли марг:

Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

ИҶШС

Навъи фаъолият:

ҳунарманд, режисёр, нависанда, дромнавис

Солҳои эҷод:

1935—1979

Самт:

реализми сотсиалистӣ

Жанр:

драма, мазҳака

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Сайидсултон Сайидмуродов - (5 майи соли 1905, Исфара – соли 1979, ш. Душанбе), ҳунарманд, режисёр, нависанда, дромнавис, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони Фахрӣ. Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1957).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1927 факултаи коргарии ба номи М.И.Калинин (Маскав)-ро хатм кардааст. Мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Исфара (1928-1929), инструктори шуъбаи ташкилии КИМ-и РСС Тоҷикистон (1929-1940), яке аз барпокунандагони Театри драмавии тоҷик, аз ҷумлаи нахустин актёрон ва режисёрони кишвар будааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш]

Фаъолияти эҷодияш аз солҳои сиюми асри гузашта сар шудааст. Пйесаҳои «Шӯриши Восеъ» (1935) ва «Муаллими драма», мазҳакаҳои «Духтари рангуборчӣ» (1938), «Рӯзҳои гузашта» (1939), «Хари ҷаннатӣ» (1941) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пйесаҳои «Саодат» (1949, ҳамроҳи М.Рабиев), «Зафар ва Заррина» (1963) аз ҳаёти деҳқонон ва фотеҳони заминҳои навкорам, «Гаҳвораи заррин» (1974) «Ситорадуздон» (1975; ҳамроҳи А. Симаков), «Тиру камон» (1976) ва «Оилаи пурмоҷаро» (1979) аз рӯзгори ангиштканони Шӯроб ҳикоят мекунанд. Драмаву мазҳакаҳои «Хари ҷаннатӣ», «Духтари рангуборчӣ», «Фарҳод дар Норак» (1966) ва ғ. дар театрҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Доғистон ва ғ. ба саҳна гузошта шудаанд. Драмаи «Қиссаи Зайнаббибӣ» (1965; таҳрири наваш c.1974), ки аз қаҳрамонӣ ва диловарии зани тоҷик ҳикоят мекунад, ба репертуари Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дохил гардидааст. Муаллифи намоишномаҳои «Раъно» (1937), дар ҳамқаламии С. Ҷавҳаризода ва «Пионер Содиқ» (1939) аст, ки барои бачагон офарида шудаанд.[2]

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»;
  • Ордени “Нишони Фахрӣ”,
  • Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1957)
  • Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Пайванди беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Нависандагон, Сайидсултон Сайидмуродов
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 164 ISBN 978-99947-2-379-9