Jump to content

Саймумин Ятимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саймумин Ятимов
парчам
5-умин Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри 2010
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Хайриддин Абдураҳимов

Таваллуд 23 июл 1955(1955-07-23) (69 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Ятимов Саймумин Сатторович
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Хидмати сарбозӣ
Рутба генерал-полковник

Саймумин Ятимов (Ятимов Саймумин Сатторович; тав. 23 июли 1955, ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, дипломат, генерал-полковник, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1], сафири собиқи Тоҷикистон дар Белгия. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви пайвастаи АИҶТ[2]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саймумин Ятимов 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои Аврупоӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[3]

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ЯТИМОВ Саймумин Сатторович(тоҷ.). Сайти расмии Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд.
  2. Натиҷаи озмун барои дарёфти дараҷаи илмии узви пайваста(академикҳо) ва узви вобастаи АИ ҶТ (еп). Сайти расмии АИҶТ. anrt.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2021.
  3. Саймумин Ятимов(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.