Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайфиддин Камолзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфиддин Камолзода
Таърихи таваллуд 3 феврали 1970(1970-02-03) (56 сол)
Зодгоҳ Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фарҳангшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1992)

Сайфиддин Камолзода (зод. 3 феврали 1970, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — фарҳангшинос, омӯзгор, номзади илмҳои педагогика (2010)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайфиддин Камолзода 3 феврали соли 1970 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Солҳои 1977—1987 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и зодгоҳаш таҳсил кардааст. Соли 1987 ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро соли 1992 хатм намуд.

Солҳои 1988—1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (шаҳри Комсомолски назди Амур) хидмати ҳарбиро адо кардааст.

  • 1992—1993 — мудири китобхона ва муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби № 39-и ноҳияи Файзобод;
  • 1993—1994 — мудири филиали № 15-и Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Файзобод;
  • 1994—2011 — омӯзгори калон ва муаллими кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода;
  • 1999—2004 — ҷонишини сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2004—2005 — котиби илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон;
  • 2005—2008 — унвонҷӯи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
  • 2010—2015 — мудири шуъбаи китобшиносӣ ва библиографияшиносии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот;
  • 2011—2023 — дар вазифаҳои мухталифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ), аз ҷумла мудири шуъбаи илм ва инноватсия, мудири Осорхонаи маориф ва котиби масъули маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон».

Аз соли 2023 то ҳол муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ[2].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: таърих, вазъият ва мушкилоти рушди он» дар Шӯрои диссертатсионии назди ПРМ АТТ ҳимоя кардааст.

Муаллифи беш аз 80 нигориш, аз ҷумла 70 мақолаи илмӣ-методӣ ва якчанд барномаҳои таълимӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Аз соли 2021 узви Шӯрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таълифоти асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Нақши фарҳанг дар ҷомеаи мустақил»
  • «Нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон»
  • «Педагогикаи фарҳанг» (мураттиб ва муҳаррир)
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Файзобод. Энсиклопедия. — Душанбе: ЭР-граф, 2011. — С. 111—112.
  • Олимони педагоги тоҷик: маълумотнома. — Душанбе: «Ахмедов Рӯзӣ», 2015. — С. 116.
  • Академияи таҳсилоти Тоҷикистон / Маълумотномаи энсиклопедӣ. — Душанбе: Ирфон, 2015. — С. 126—128.