Jump to content

Сайхӯҷа Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайхӯҷа Азизов
Сайхӯҷа Азизов
Таърихи таваллуд 15 декабр 1933(1933-12-15) (91 сол)
Зодгоҳ деҳаи Чинорак ноҳияи Муъминобод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998

Сайхӯҷа Азизов (тав. 15 декабри соли 1933, деҳаи Чинораки ноҳияи Муъминобод) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1982), профессор (1993),Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1956). Солҳои (1956 – 1957) муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Ленин (ҳозор Рӯдакӣ), омӯзгори кафедраи математикаи олии Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1958 – 1965), аспиранти Институти давлатии педагогии шаҳри Калинин (Россия, 1965 – 1968), мудири кафедра, ҷонишини декан, декани факултети математика, муовини ректор оид ба корҳои илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1968 – 2000). Аз соли 2000 профессор ҳамин донишгоҳ. Азизов оид ба проблема ва назарияҳои математика, тавзеҳи функсияҳои ратсионалӣ ва ирратсионалӣ, таълими элементҳои математикаи олӣ ва ададҳои комплексӣ дар мактаб ва ғайра беш аз 50 таълифоти илмӣ дорад. Иштирокчии конференсияҳои илмии байналмилалии математикҳо дар мамлакатҳои гуногун.

  • Таълими ададҳои комплексӣ, Д., 1985;
  • Таълими элементҳои математикаи олӣ дар мактаб, Кӯлоб, 1987.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С.45.