Салоҳияти Маҷлиси намояндагон
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон - яке аз палатаи Маҷлиси Олии ҶТ Маҷлиси намояндагон буда, он бо тарзи ташкилӣ ва салоҳияти худ аз палатаи дуюм - Маҷлиси миллӣ фарқ мекунад. Маҷлиси намояндагон мақоми доимо амалкунанда мебошад ва салоҳияти зерин дорад:
1) таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2) ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
3) тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4) ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5) тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6) таъйини раъйпурсӣ;
7) таъсиси судҳо;
8) тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
9) тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10) тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
11) муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус;
12) амалӣ намудани ваколатҳое, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд (моддаи 57 Конститутсия).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 404-405