Jump to content

Самариддин Саъдиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Самариддин Саъдиев
Ном ба ҳангоми таваллуд: Самариддин Саъдиев
Таърихи таваллуд: 10 январ 1918(1918-01-10)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт 29 май 1983(1983-05-29) (65 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1946—1985
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 3868416

Самариддин Саъдиев (10 январи 1918, Самарқанд — 29 майи 1983, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самариддин Саъдиев 10 январи соли 1918 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолӣ санъати театро дӯст дошта, дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и шаҳри Самарқанд ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард.

Солҳои 1932—1935 дар техникуми театрӣ ва солҳои 1935—1936 дар омӯзишгоҳи мусиқавии шаҳри Тошканд таҳсилро давом дода, ҳамчунин берун аз дарс ҳамчун ҳунарпешаи театри «Малые формы» («Нақшҳои хурд»)-и шаҳри Тошканд баромад мекард. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ, ӯ соли 1936 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпешаи Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳри Сталинобод меояд. Самариддин Саъдиев аз соли 1940 дар театри навташкилшудаи опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва минбаъд солҳои зиёд (1942—1970) дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпеша ҳунарнамоӣ намудааст. Дар давоми фаъолияти эҷодии хеш Самариддин Саъдиев дар кори студияи Телевизиони Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Солҳои аввали фаъолияти эҷодӣ дар Телевизиони Тоҷикистон — 1959—1960 ӯ ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон дар сарредаксияи адабӣ-драмавӣ кор кардааст.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самариддин Саъдиев дар катори ҳунарпешаву адибони номдори ҶШС Тоҷикистон иштирокчии Даҳаи адабиет ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва буд, ки солҳои 1941, 1949 ва 1957 шуда гузаштааст. Ӯ иштирокчии яке аз аввалин озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада аз Тоҷикистон буд. Даври якуми озмун дар шаҳри Тошканд соли 1946 шуда гузашт, дар он Саъдиев ғолиби даври озмуни осиёимиёнагӣ гардид. 20 июл — 2 августи соли 1946 дар шаҳри Москва дар озмуни ҷамъбастии Умумииттифоқии артистони эстрада қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа барандаи Лауреати озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада (1946) шудааст. Соли 1962 С. Саъдиев барои хидмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Нақшҳо дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунарнамоӣ дар синамои тоҷик дар фаъолияти эҷодии Самариддин Саъдиев саҳифаи дурахшоне буд. Соли 1956—1957 ӯ дар кинофилми бадеӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохурдам» (ба заб. русӣ «Я встретил девушку» — режиссёр Р. Перельштейн), яке аз нақшҳои асосиро офаридааст. Самариддин Саъдиев дар ин филм нақши «музадӯз» — ро иҷро кардааст. Кинофилми мазкур аз суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буда оҳангсози он Андрей Бабаев дар асоси шеърҳои Мирзо Турсунзода оҳанг офаридааст. Сурудҳои дилчаспи кинофилми «Ман бо духтаре вохурдам» ва аз ҷумла суруди мӯзадӯз «Ко мне друзья» («Биёед дӯстон») солҳои 50 — 60-ум дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ хуш қабул гардида, байни мардуми иттиҳод сароида мешуданд. Филми бадеӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар давлатҳои хориҷии Осиё ва Африко низ намоиш дода шудааст. Филми номбурда дар кинофестивали аввалини мамлакатҳои Осиё ва Африко дар шаҳри Қоҳира соҳиби ҷоизаи «Кӯзаи бузург» гардидааст.[1]

Ҳунарнамоӣ дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Ман бо духтаре вохӯрдам»,
  • «Вақти зангирии писар расид»,
  • «Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…»,
  • «Шераки далер»,
  • «Тӯфон дар водӣ»,
  • «Бо завқ нигоҳ кун»[2][3]

Самариддин Саъдиев барои хидмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик бо

  • ордени «Нишони фахрӣ»(1957),
  • медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» (1945),
  • «Барои меҳнати бошуҷоат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании ссолҳои 1941-1945» (1946),
  • «Барои меҳнати шоён» (1950),
  • «30 -солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании с олҳои 1941-1945» (1975)
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маданияту дигар ташкилотҳо мукофотонида шудааст.[2][4]
  1. Я встретил девушку ru.wikipedia.(пайванди дастнорас)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 188.— 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
  3. Сомонаи kino-teatr.ru С. Саъдиев
  4. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 116. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6