Санади тафсири ҳуқуқ
Санади тафсири ҳуқуқ - санади ҳуқуқист, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлат бо мақсади шарҳ додани маънии санадҳо ё меъёрҳои ҳуқуқ қабул мешавад. Он натиҷаи тафсири расмӣ буда, чун ҳуҷҷати расмӣ қабул мешавад ва барои шахсони манфиатдор ҳатмист. Санадҳои тафсирии мақомоти олии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли расмӣ қабул гардида, нуқтаҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунанд, ки тартиби дурусти ҳалли кори мушаххаси ҳуқуқӣ, татбиқи меъёрҳои ҳуқуқро нисбати ҳолати мушаххаси ҳаётӣ тавсия мекунанд. Ин санадҳо тартиби намунавии татбиқи меъёри ҳуқуқро ба ҳолати мушаххас, роҳи ҳалли парвандаи ҳуқуқиро нишон дода, амсоли татбиқи ҳуқуқро ба вуҷуд меоранд. Санадҳои тафсирӣ мазмуни меъёрӣ низ пайдо карда метавонанд. Чунончи, мувофиқи қ. 3 м. 61 Конститутсияи ҶТ: «Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул менамояд».[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 410