Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро мақоми олии қонунгузор эътироф кардааст (моддаи 48). Ҳеч ягон мақомоти дигари давлатӣ ҳуқуқи қонунэҷодкунӣ надорад. Маҷлиси Олӣ ду намуди қонунҳоро қабул мекунад. Якум, санадҳои Қонунгузории ҷорӣ ё ки қонунҳои одӣ, ки онҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул мешавад. Дуюм, намуди санадҳои қонунгузорӣ, ки онҳоро Қонунҳои конститутсионӣ меноманд ва дар асоси талаботи конститутсия, бо тарафдории ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи шумораи умумии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояидагон қабул мешаванд. Ғайр аз ин, Маҷлиси Олӣ кодексҳоро қабул менамояд, ки онҳо навъи санадҳои қонунгузорие мебошанд, ки аз дигар қонунҳо бо ҳаҷм, шакл ва мазмуни худ фарқ карда, ҳамчун маҷмӯи қонунҳо ин ё он соҳаи ҳуқуқро ба танзим медароранд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 411