Саодатшо Матробиён
Матробиён Саодатшо Қосимзода | |
Таърихи таваллуд: | 15 октябр 1973 (51 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ишкошим , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (1999), Аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги ФР (2005) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Саодатшо Матробиён (Матробиён Саодатшо Қосимзода; тав. 15 октябри соли 1973, деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим) – сиёсатмадори тоҷик, олим, омӯзгор, доктори илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва даъвати VII.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Матробиён Саодатшо Қосимзода 15 октябри соли 1973 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев хатм кардааст, ихтисос филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик, шарқшинос-забоншинос. Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ (болуғат), донандаи забонҳои порсии қадим, авастоӣ ва порсии миёна аст.
Ў соли 1991 мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошимро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад. Аз соли 1999 то 2000 котиби масъули рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директории мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд. Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (KhorogEnglishProgram) назди Институти тадқиқотии Лондон мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро дар донишгоҳи зикршуда таҳти роҳбарии академик Иван Михайлович Стеблин-Каменский ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникастияи Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода ва аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия, аспирантура ва докторантура фаъолият мекунад. Ба сабаби анҷом додани кори докторӣ аз вазифаи мазкур баромада, аз моҳи сентябри соли 2014 то 19 июни соли 2017 докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИ ҶТ ва ҳамзамон ба ҳайси дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода фаъолият намудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, таърихи афкори забоншиносӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад. Мазкур барои зиёда аз 15 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намудааст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст. Барои 4 аспирант ва 5 унвонҷўй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъин шуда, чанд нафар аз шогирдонаш дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06.2015, № 411 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Аз 1 марти соли 2020 то 1 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум буд.[2]
- Аз 2 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Матробиён С. Қ. номзади илмҳои филологӣ (2005). Соли 2023 рисолаи доктори илмҳои филологиро дар мавзӯи «Пажуҳиши этнолингвистии тасвири забонии ҷаҳони тоҷикон»" дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИ ҶТ дифоъ намудааст.[3] Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст.
Матробиён С. Қ. муаллифи 2 монография («Рўзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахони забонон (очерки этнолингвистӣ)» (бозабони русӣ) (2012)), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодиин изоми таҳсилоти кредитӣ)» (2011) ва «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рўзноманигорӣ)» (2013)), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2017) «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» (2018), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (2018) мебошад. Дар ҳоли ҳозир яке аз фарҳангҳои қадимиеро, таҳти унвони «Луғот-уш-шеър», инчунин, китобҳои дарсии «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Таърихи забоншиносӣ»-ро ба чоп тайёр намудааст.[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Матробиён Саодатшо Қосимзода(тоҷ.). www.parlament.tj. 15 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Матробиён Саодатшо Қосимзода(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2020.
- ↑ Этнолингвистическое исследование языковой картины мира таджиков(тоҷ.). www.dissercat.com. 15 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Матробиён Саодатшо Қосимзода(тоҷ.). www.parlament.tj. 15 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 октябр
- Зодагони соли 1973
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ишкошим
- Докторони улуми филология
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII