Jump to content

Сафедор-сиёҳхор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сафедор-сиёҳхор, сафеддорбозӣ, ахтаракон

Иштироккунандагон ба ду даста ҷудо шуда, дар масофаи 10-15 м рӯ ба рӯи ҳам қарор мегиранд ва аъзои ҳар гурӯҳ дасти ҳамдигарро дошта, заниҷираеро ба вуҷуд меоранд. Бозигарони гурӯҳи якум бо як овоз мегӯянд: “Сафедор, сиёҳхор, аз мо ба шумо кӣ даркор?”. Бачаҳои дастаи дувум як нафарро аз дастаи онҳо интихоб менамоянд. Шахси интихобшуда кӯшиш мекунад, ки давида, дастҳои ба ҳам пайванди бозигарони ҳарифро бурида гузарад. Агар гузашта тавонад, яке аз бозигарони дасташ сардодаро гирифта, ба гурӯҳи худ меорад. Агар аз занҷира гузашта натавонад, он гоҳ худи таслим шуда, дар гурӯҳи ҳариф мемонад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016. 2. Нурджанов Н.Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976; 3. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 194