Низом Нурҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Низом Нурҷонов
Низом Нурҷонов
Таърихи таваллуд: 18 декабр 1923(1923-12-18)
Зодгоҳ: Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт: 18 март 2017(2017-03-18) (93 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе ,
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: санъат, театршиносӣ
Ҷойҳои кор: Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ: доктори илми санъатшиноси
Алма-матер: Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко, ИҶШС
Ҷоизаҳо: Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1974), Чоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллохи Рудаки (2005)

Низом Нурҷоноволим, санъатшинос, театршинос, доктори илми санъатшиносӣ 1968), профессор (1970), узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон (1961). Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1974), барандаи Чоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудаки (2005)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Низом Нурҷонов 18 декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Нурҷонов дар айни авҷи балоғат буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ шуд, ӯ низ соли 1942 ба хидмати аскарӣ рафт. Пас аз хидмати сарбозӣ, соли 1947 Низом Нурҷонов Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намуда, ба фаъъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Дар канори кори аслии худ аз соли 1948 бо машварати мардумшиносони рус ба гирдоварии маводи марбут ба расму ойинҳои мардумӣ машғул мешавад. Соли 1949 вориди аспирантураи шӯъбаи ленинградии (ҳоло Санкт-Петербург) Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) мешавад. Яке аз мардумшиносони машҳур профессор Н.А.Кисляков роҳбари илмии ӯ таъйин мегардад. Н.Нурҷонов соли 1951 дар мавзӯи «Решаҳои театри мардумии тоҷикон» (Дар асоси маводи вилояти Кӯлоб) рисолаи номазадии худро дар шаҳри Ленинград дифоъ карда, барои кор ба Институти таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикстон меояд.

Нурҷонов аз соли 1952 дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, шӯъбаи таърихи санъатро асос гузошта, аз соли 1958 мудирияти онро худ бар ӯҳда дошт. Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолияти омӯзгорӣ низ кардааст. Аз соли 1953 аввал дар Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1967 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барои донишҷуён дарс гуфта, соли 1970 сазовори унвони профессорӣ гардидааст. Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон. Низом Нурҷонов рӯзи 18 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ дар синнни 93 солагӣ аз олам даргузашт.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишманд ба таври мунтазам дар корҳои таҳқиқӣ ширкат намудааст: Кӯлоб (1948), Ғарм (1952-1954), Зарафшони Боло (1957-1960), Бухоро (1958-1961), Помири ғарбӣ (1959-1971), вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд, 1961-1965). Ҳамчунин сафарҳои зиёди илмӣ дар деҳоти тоҷикнишини гуногуни Осиёи Марказӣ доштааст. Профессор Нурҷонов дар бораи таърихи театри муосири тоҷик, шахсиятҳои маъруфи он асарҳои зиёде дорад. Соли 1956 рисолаи илмии Н.Нурҷонов дар шакли китоб бо номи «Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб» ба забони русӣ чоп шудааст. Соли 1968 Низом Нурҷонов дар мавзӯи «Таърихи театри шӯравии тоҷик (солҳои 1917-1941)» рисолаи доктории худро дифоъ кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

ва ғайра дар шинос намудани бахшҳои гуногуни фарҳанги ҳунарии касбӣ ва суннатии тоҷикон арзиши баланд доранд.[2]

Донистаниҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Низом Нурҷонов матраҳтарин пажӯҳишгари театр ва рақси тоҷикӣ ба шумор мерафт. Ӯ нахустин мудири шӯъбаи таърихи санъат, ки соли 1958 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, мебошад ва то охири умр масоили марбут ба театр ва рақси тоҷикиро таҳқиқ кардааст.
  • Бародари Низом Нурҷонов – Зуҳур Ҳабибуллоев – низ аз рассомони маъруфи тоҷик буд. Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев соли 2013 даргузашт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]