Jump to content

Саъдии Қосимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъдии Қосимӣ
Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович
Таърихи таваллуд 7 июл 1969(1969-07-07) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (1992)

Саъдии Қосимӣ (Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович; зод. 7 июли 1969, деҳаи Паткуноб, ноҳияи Дарвоз, ҷШС Тоҷикистон) — фолклоршинос, филолог, номзади илмҳои филология (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1987—1992 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1992—1993 лаборанти калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи мазкур, 1993—1994 коромӯз-тадқиқотчии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, 1994—1997 аспиранти донишгоҳи омӯзгорӣ ва аввалин гирандаи спипендияи президентӣ дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1997—2000 ҳамчун муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия, 2000—2005 муовини декани факултети номбурда оид ба таълим, 2005—2007 декани факултети филологияи тоҷик, 2007—2008 муовини декани факултети мазкур оид ба таълим, 2008 ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 2008—2013 ёрдамчии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2013—2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2014—2017 ёрдамчии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2017 директори МД Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 то ҳол муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба корҳои таълимӣ шуда кор мекунад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи бадеияти латифаҳои халқии тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои адабиётшиносиву фолклоршиносӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ аст.

  • Назмшиносӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
  • Дастури наврӯзӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006.