Jump to content

Сироҷиддини Фозил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сироҷиддини Фозил
Сироҷиддин Фозилов
Таърихи таваллуд 2 март 1974(1974-03-02) (50 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ҷалҷит, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп
Ҷоизаҳо

Сироҷиддини Фозил (Фозилов Сироҷиддин Маҷитиевич; зод. 2 марти 1974, деҳаи Ҷалҷит, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сироҷиддин Фозилов 2 марти соли 1974 дар деҳаи Ҷалҷити ноҳияи Орҷонкидзеобод ба дунё омадааст. Соли 1991 баъди хатми мактаби миёна донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон шудааст ва онро соли 1996 хатм намудааст.

Сироҷиддин Фозилов оиладор буда, соҳиби чор фарзанд аст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ансамбли «Шарора» ҳунар озмуда, ба сифати дирижёр дар дастаи хорсароӣ кор кардааст. Вале баъд барои ёфтани рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ гузоштааст. То соли 1999 дар Русия зистааст. Баъди бозгашт ба гурӯҳи рақсу таронаи Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ватан», сипас дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба кор даромад.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти мустақилонаи таронасароиро аз соли 1999 оғоз кардааст. Сабаби ба овозхонӣ ҷиддан рӯ оварданашро дар забти саҳнаи тоҷик барои ҳофизони эрониву афғонӣ медонад. Ва мегӯяд, ҳарчанд аксари онҳо, аз ҷумла, Гугуш, Муин, Сиёвуш, Мартик, Аҳмад Зоҳир, Сароҳанг, Ношинос, Маҳвашро аз ҷумлаи устодони худ меҳисобад, вале бар ин назар буд, ки «ҳар миллат бояд таронаи худро дошта бошад. Мардум хуб аст, бад аст, бештар ба таронаи худ алоқа доранд. Маҳз дар он давра мо панҷ нафар (банда, Зикруллоҳ Ҳакимов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Манижа Давлатова) вориди саҳна шудем ва ба қавле, як гуна таҳаввулот кардем».

Дар банди суруду оҳангҳояш ҳаводорони зиёд гирифторанд, зеро ба олами шеър, ба дунёи маънӣ чуқур фурӯ меравад ва сомеъонро аз дунболаш мебарад, «Чӣ гӯям», «Эй дилбари нозанин», «Зиҳӣ, ишқ», «Эй санам», «Модарам», «Илоҳо», «Дилбар», «Таран-таронӣ», «Падар», «Ёри ман», «Биё, ёри ҷон», «Султони қалбам», «Падарҷон», «Гӯшаи бом», «Ғусаҳо», «Дилбари раҳдурӣ», «Кабобам», «Вақти рафтӣ», «Нагӯ, нагӯ», «Қаҳр», «Чӣ надонам» аз беҳтарин таронаҳояш маҳсуб меёбанд.

То ин замон панҷ албоми таронаҳояш бо номҳои «Ҳаргиз», «Ошиқ», «Намегардам», «Набзи дил», «Қаҳр» интишор шудаанд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.