Сироҷиддин Зуҳуриддинов
Сироҷиддин Зуҳуриддинов | |
---|---|
Сироҷиддин Зуҳуриддинов | |
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат |
![]() |
Таърихи таваллуд | 24 феврал 1952 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 28 июл 2021 (69 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кор ва дастовардҳо | |
Ҷоизаҳо |
![]() |
Унвонҳо | Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018) |
Сироҷиддин Зуҳуриддинов (24 феврал 1952 — 28 июл 2021, Душанбе) — меъмор, Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018), дорандаи Ордени Шараф (2004), узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сироҷиддин Зуҳуриддинов 24. феврали 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар идораи «Душанбегипрогор» солҳои 1974—1995 ба ҳайси меъмор, сармеъмори лоиҳа ва директори институт кор кардааст. Солҳои 1995—1997 сардори ГлавАПУ-и ҳукумати шаҳри Душанбе ва сипас ҳамчун Сармеъмори ш. Душанбе фаъолият бурдааст Аз соли 2015 ӯ ба ҳайси Директори устохонаи Илмӣ-истеҳсолии «Академия меъморӣ ва сохтмонии ҶТ» кор мекард. Сироҷиддин Зуҳуриддинов 28.07.2021 аз олам гузаштааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷумлаи лоиҳаҳои муаллифии меъмор С. Зухуриддинов Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони «Истиқлол» дар Душанбе, хонаи истироҳати Пугус дар ноҳияи Варзоб, марказҳои савдои Меҳргон ва Пойтахт, биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Айнӣ, Бофанда, Бухоро ва У. Хайем, толори қабули ҳайатҳои ҳукуматӣ, толори VIP фурудгоҳи Душанбе, мадраса барои 1500 нафар дар Душанбе ва бисёр иншооти дигар.[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени Шараф (2004)
- Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018),
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Скончался архитектор Сироджиддин Зухуритдинов.(тоҷ.). www.facebook.com/asiaplustj. 28 июни 2020 санҷида шуд.
- Зодагони 24 феврал
- Зодагони соли 1952
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 28 июл
- Даргузаштагони соли 2021
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Шараф
- Меъморон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳо дар бораи меъморон бе гурӯҳ дар Викианбор
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи меъморон
- Меъморони Тоҷикистон