Сиҷоуддин Саломзода
Зоҳир
Таваллуд |
2 июн 1965 (59 сол) |
---|---|
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо |
Сиҷоуддин Саломзода (зод. 2 июни 1965, деҳаи Ойдинкӯл, ноҳияи Данғара) — ходими давлатии тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиҷоуддин Саломзода 2 июни соли 1965 дар деҳаи Ойдинкӯли ноҳияи Данғара ба дунё омадааст[1]. Институти политехники Тошкент ба номи Абдурайҳон Беруниро дар cоли 1989 бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст. Замони донишҷӯ будан дар солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дар шаҳри Макарови ҶШС Укройн хидмати ҳарбӣ кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1981—1982 — Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара
- 1989—1994 — Оператор-геофизик, сардори отряди сейсморазветка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷеникидзеобод
- 1994—1995 — Сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб
- 1995—2003 — Таъминкунанда, сардори сехи электрики конструксияи оҳанубетонии № 8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд
- 2003—2004 — Нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 2004—2006 — Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НБО-и Роғун, шаҳри Роғун
- 2006—2011 — Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 2011—2013 — Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун»
- 2013—2015 — Сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2015—2018 — Раиси шаҳри Турсунзода
- 2018—2020 — раиси шаҳри Исфара[2]
- 2020—2023 — Раиси шаҳри Бохтар
Аз январи соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе мебошад[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саломзода Сиджоуддин « SugdNEWS(рус.). SugdNEWS (9 феврали 2018). 15 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Саломзода Сиҷоуддин: муаррифӣ. Насими Исфара (9 феврали 2018). 15 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Муовинони Раис / Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. dushanbe.tj. 15 марти 2023 санҷида шуд.