Зулол (деҳа, н. Данғара)
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ойдинкӯл)
Деҳа | |
русӣ: Ойдинкул | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Данғара |
Ҷамоат | Деҳоти Исмат Шарипов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 810 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3312 |
Нишонаи почта | 735140 |
Зулол (то 12.3.2009 Ойдинкӯл) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исмат Шарипови ноҳияи Данғара. Аз Зулол то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 841 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ ва се нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ, рустанипарварӣ, моҳипарварӣ. Заминҳо аз б. Норак ба воситаи нақб ва обанборҳои деҳа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 8 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Дар канори деҳа кӯли таърихие бо номи Ойдинкӯл (аз номи зани покдомане, ки Ойимгул ном доштааст) мавҷуд аст.
Ходимони давлатӣ Сиҷоуддин Саломзода ва С. Обидинова (собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулол // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2