Зулол (деҳа, н. Данғара)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зулол

русӣ: Ойдинкул
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Данғара
Ҷамоат Деҳоти Исмат Шарипов
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 810 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3312
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03

Зулол (то 12.3.2009 Ойдинкӯл) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исмат Шарипови ноҳияи Данғара. Аз Зулол то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 841 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ ва се нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ, рустанипарварӣ, моҳипарварӣ. Заминҳо аз б. Норак ба воситаи нақб ва обанборҳои деҳа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 8 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Дар канори деҳа кӯли таърихие бо номи Ойдинкӯл (аз номи зани покдомане, ки Ойимгул ном доштааст) мавҷуд аст.

Ходимони давлатӣ Сиҷоуддин Саломзода ва С. Обидинова (собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]