Jump to content

Солеҳа Холмаҳмадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Солеҳа Холмаҳмадзода
Таърихи таваллуд: 27 июл 1976(1976-07-27) (48 сол)
Зодгоҳ: Регар, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1998), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2002)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Холмаҳмадзода Солеҳа (зод. 27 июли 1976, Регар) — ходими давлатӣ, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2022). Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2025).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солеҳа Холмаҳмадзода 27 июли соли 1976 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст[1]. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог-механик ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

  • 1997—2004 — раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;
  • 2005—2006 — ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомўз дар ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2006—2009 — аъзои ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
  • 2009—2010 — мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2010—2011 — адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2011—2013 — сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе;
  • 2013—2015 — адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2015—2020 — муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

Аз 21 январи соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[3].

  • 2019 — медали «Хидмати шоиста»[4]
  1. Солеҳа Холмаҳмадзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд. АМИТ "Ховар". 21 Январ 2025 санҷида шуд.
  2. Холмаҳмадзода Солеҳа(тоҷ.). www.parlament.tj. 3 апрели 2020 санҷида шуд.
  3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холмаҳмадзода С.. Президенти Тоҷикистон (21 Январ 2025). 21 Январ 2025 санҷида шуд.
  4. Мукофоти давлатӣ муборак, Солеҳа Холмаҳмадзода. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода (31 августи 2019). 21 Январ 2025 санҷида шуд.