Jump to content

Сталина Азаматова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сталина Азаматова
Сталина Азимовна Азаматова
Таърихи таваллуд: 2 январ 1940(1940-01-02)
Зодгоҳ: ДушанбеҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 17 апрел 2020(2020-04-17) (80 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: раққоса, ҳунарпеша
Солҳои фаъолият аз 1958

Сталина Азимовна Азаматова (2 январи 1940, Сталинобод17 апрели 2020, Душанбе) — раққосаи балет ва балетмейстери тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1968). Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2005)[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сталина Азимовна Азаматова Омӯзишгоҳи хореографии ба номи А. Вагановаи Ленинград (1958), сипас факултети балетмейстерии Инстити давлатии театрии Маскав ба номи А.Луначарскийро (1977, синфи профессор А. А. Лапаури ва Артисти Халқии СССР Р. С. Стручкова) хатм кардааст. Солҳои 1958—1977 раққосаи балет ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳоло дар нафақа аст.

Нақшҳои асосии дар саҳнаи балет иҷро кардааш: Медора, Жизел «Корсар», «Жизел»-и А. Адан, Франческа «Франческа да Римини»-и П.Чайковский, Фонӣ «Бо роҳи раъди ғуррон»-и Қ. Қароев, Клеопатра «Шабҳои Миср»-и А. Аренский, Ҷулйетта «Ромео ва Ҷулйетта»-и С. Проходӣев ва ғ. Ҳамчун балетмейстер балетҳои зеринро таҳия намудааст: «Писарча ва Карлсон»-и Ю. Тер-Осипов (1977), «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ (1978), «Мурғи фурӯзон»-и И. Стравинский (1980), «Вини Пух ва дигарон»-и Ю. Тер-Осипов (1981), «Камони сеҳрнок»-и М. Атоев (1985), филм-балети «Рубоиёти Хайём»-и Т. Шаҳидӣ (1980) ва ғ. Муаллифи либреттои балетҳои «Писарча ва Карлсон», «Марги судхӯр», «Вини Пух ва дигарон», «Дар ёди дил» ва «Камони сеҳрнок» аст. Ба як силсила операҳо «Дон Паскуале»-и Г. Донитсети", «Дон Жуан»-и В. Мотсарт, «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Қишлоқи тилоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Демон»-и А. Рубинштейн, асарҳои мусиқӣ «Дар оилаи тифоқ»-и Ю.Тер-Осипов, «Талбак Лолаев», Аз рӯзгори «Абӯалӣ Сино»-и Т. Шаҳидӣ ва ғ. рақс таҳия намудааст. Эҷодиёти Азаматова серпаҳлӯ ва гуногунранг буда, бештар мавзӯҳои олами рангини кӯдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, қаҳрамонию ватандӯстӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад. Азаматова чун балетмейстери бомаҳорату пуртаҷриба дар тарбияи раққосони балет ва равнақи рақси касбии тоҷик хидмати калон кардааст. Дар ҳайати ҳунарпешагони балети собиқ ИҶШС ба Булғория ва Мали сафар намудааст.[2] Ӯ соли 2005 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

  1. http://operabalet.tj/vidayoshi-artisti-3.html Бойгонӣ шудааст 25 Декабри 2017  сол. Выдающиеся артисты/Балетная труппа
  2. Ҳабибов Ш. Азаматова Сталина Азимовна // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе, 1988, ҷ. 1. — С. 109—110.