Султон Мирзошоев
Таърихи таваллуд | 9 январ 1932 ё 1932 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 7 июн 2016 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | корманди давлатӣ |
Донишомӯхта дар | |
Узви ҳизби сиёсӣ | |
Ҷоизаҳо |
Султон Мирзошоев – арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон (1982), Аълочии маорифи халқии ҶСШ Тоҷикистон (1954) ва Аълочии кинематографияи ИҶШС (1969).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Султон Мирзошоев 9 январи соли 1932 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (1953), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1963, мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (Москав, 1966)-ро хатм кардааст. Дар вазифаҳои Котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети ҲК ноҳияи Восеъ, (1957-59), котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети ҲК ноҳияи Восеъ (1961-1964), ташкилотчии масъули КМ ҲК Тоҷикистон дар идораи минтақавии истеҳсолии Кӯлоб (1964), нозири шуъбаи ташкилии ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон (1966-1967), Раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди шӯрои Вазирони ИҶШС (1973-1979), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1979-1987), сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1987-1988), Раиси раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (1988-1990). котиби якуми Комитети ҲК вилояти Кӯлоб (1990-1993), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1994), ноиби Президенти ҷамъияти саҳҳомии «Интурист»-и Тоҷикистон (1995-1997) ва Раиси маҷмааи давлатии «Коҳи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Султон Мирзошоев вакили Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-11) буд. Дар фаъолияти адабиаш ӯ бисёр асарҳои ҷолиби хонданибоб эҷод кардааст. «Борис Кимёгаров» бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои «Ҷонфидо» ва «Арзи дил», повести «Дуои сари роҳ» аз ҷумлаи онҳост.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]бо ду орденҳои
- «Байрақи Сурхи Меҳнат»,
- «Нишони фахрӣ»,
- «Дӯстӣ»
- ва медалу, ифтихорномаҳо мушарраф гардидааст.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Борис Кимёгаров.- Душанбе: Ирфон, 1972.- 51с.
- Роҳи кинои тоҷик.- Душанбе: Ирфон, 1973.- 196 с.
- Эҳё: Кинематографияи тоҷик дар солҳои 50-ум ва 70-ум.- Душанбе, 1973.- С.121-186.
- Арзи дил: Драма ва мақолаҳо.- Душанбе: Адиб, 1996.- 64 с.
- Дуои сари роҳ: Қиссаҳо.- Душанбе, 1997.- 100 с.
- Қисса ва хотираҳо дар бораи Мирзоалӣ Вайсов.- Душанбе: Шарқи озод, 1999.- 176 с.- Бо ҳамкории Карим Давлатов
- Фанои марг: Қисса.- Душанбе: Адиб, 2002.- 128 с.
- Дар пайванди ду аср: Ёддоштҳо.- Душанбе: Шарқи озод, 2009.- 312 с.
- Арзи дили мо: Кинои Тоҷикистон дар рӯзҳои Даҳаи маданият ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон //Маориф ва маданият.- 1961.- 21 май.
- Филмҳои мо мукофот мегиранд //Маориф ва маданият.- 1967.- 27 апрел.
- Воситаи тавонои тарбия: Слёти 1-уми ҷумҳуриявии коркунони кино //Маориф ва маданият.- 1968.- 24 феврал.
- Имтиҳоноти ҷиддӣ: фестивали байналхалқии кишварҳои Осиё ва Африко //Маориф ва маданият.- 1998.- 19 октябр.
- Рӯ ба камолот: Кинематографияи тоҷик - 50 сола //Тоҷикистони Советӣ.- 1969.- 27 август.
- Камолоти эҷод: Кинематографияи тоҷик //Комсомоли Тоҷикистон. – 1969. – 9 октябр.
- Ҷашни пуршараф: 40- солагии кинои тоҷик //Маориф ва маданият.- 1969.- 18 октябр.
- Карнайҳо дар Неман баланд садо медиҳанд: Кинои киностудияи Тоҷикфилм //Маориф ва маданият.- 1970.- 13 август.
- Саҳми кинематографони тоҷик //Тоҷикистони советӣ.- 1970.- 29 август.
- Имрӯзу фардои кино //Садои Шарқ.- 1972.- №5.- С.63-74.
- Таҷассуми бадеии ҳаёт: Санъати кинои тоҷик //Садои Шарқ.- 1981.- №3.- С.62-69.
- Талаби ҳаёт: Нутқ дар съезди VIII-уми Нависандагони Тоҷикистон //Маданияти Тоҷикистон.- 1981.- 14 апрел.
- Олами зебоӣ: Кинои тоҷик //Машъал.- 1982.- №3.- С.6-7.
- Нутқи вазири маданияти Тоҷикистон дар съезди VII-уми рассомони Тоҷикистон //Маданияти Тоҷикистон.- 1982.- 1 май.
- Саҳнаи калони республика /Мусоҳибаи мухбири маҷалла бо Вазири маданияти Тоҷикистон С.Мирзошоев // Тоҷикистон.- 1982.- №8.- С.2-4.
- Нашъунамои санъати мо: Санъати тоҷик дар зарфи 60 сол // Маданияти Тоҷикистон.- 1982.- 21 декабр.
- Барои равнақи нави маданият //Агитатори Тоҷикистон.- 1985.-№21.- С.16-19.
Адабиёт доир ба Мирзошоев
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар бораи Раиси Комитети давлатии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба кинематография таъйин кардани Мирзошоев С. Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон //Тоҷикистони советӣ.- 1972.- 25 сентябр.
- Ҳамроев, Ҳ. Мирзошоев Султон //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1989.- Ҷ.2.- С.266.
- Вазири Маданияти Тоҷикистон Султон Мирзошоев (солҳои 1979-1987) //Ҷашни тилоӣ.- Душанбе: Ирфон, 2004.- С.90.- Бо ак¬си С.Мирзошоев.
- Ҳамроев, Ҳ. Мирзошоев Султон //Энсиклопедияи Кӯлоб.- Душанбе, 2006.- С.314-315.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1989.- Ҷ.2.- С.266.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Кӯлоб.- Душанбе, 2006.- С.314-315.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 январ
- Зодагони соли 1932
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 7 июн
- Даргузаштагони соли 2016
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Вазирони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Зодагони ноҳияи Данғара