Сурсуракон
Зоҳир
Сурсуракон, пешкунакон Яке аз бозиҳои анъанавии маъмулу машҳури бачагони тоҷик, ки бештар дар фаслҳои гарми сол дар майдончаву боғча, баъзан дар кӯчаҳо барпо мегардад. Як нафарро барои сур кардан интихоб менамоянд. Агар ӯ дар вақти сур кардан якеро ба даст гирад, он бозигар навбати суркуниро мегирад. Бозии Сурсуракон вобаста ба маҳаллу минтақаҳо навъҳо ва унсурҳои гуногун дорад. Баъзан бачаҳо дарахт, симчӯб, дарвоза, ё ягон ҷисми дигарро пайка (пайгаҳ) қарор медиҳанд ва шахси суркунанда вазифадор мешавад, ки онро посбонӣ кунад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. Сталинабад. 1953; 2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 195