Jump to content

Сурхкӯҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сурхкӯҳ
?

Сурхкӯҳ — қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар байни водии рӯдҳои Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва Вахш (обанбори Норак).

Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи тақрибан 60 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 2963 м (кӯҳи Дарвоз). Қаторкӯҳ ба самти Ҷанубу Ғарб торафт паст шуда, дар наздикии шаҳри Норак ба ду шоха тақсим мешавад. Шохаи шимолиаш то ағбаи Зардолу (баландиаш 1610 м) кашол ёфта, дар он ҷо ба қаторкӯҳи Рангон мепайвандад.