Jump to content

Тандисҳои Буддо дар Бомиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тандисҳои Буддо дар Бомиён
Нигора
Ҷунбиши адабӣ ҳунари юнонӣ ва буддоӣ[d]
Фарҳанг юнонӣ ва буддоӣ[d]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Бомиён
Маводди созанда мосасанг[d] ва гачбурӣ
Сабки меъморӣ ҳунари юнонӣ ва буддоӣ[d]
Навъи асари бостонӣ бахше аз Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО[d]
Баландӣ 53 м, 38 м ё 10 м
Масоҳат
  • 105 га
  • 225,25 га
Montage image
Вазъияти нигаҳдорӣ тахрибшуда[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тандисҳои Буддо дар Бомиён (порсӣ: تندیس‌های بودا در باميان ) — тандисҳои бузурге, дар дили кӯҳ дар вилояти Бомиёни Афғонистон. Бинои истодаи ин муҷассамаҳои таърихӣ дар канораҳои сахрае ҳангоми ривоҷи оини буддоӣ дар Афғонистон дар дараи Бомиён кандакорӣ шуда буданд. Мухтасоти ҷуғрофиёии макони ин муҷассамаҳо аз Кобул дар ҳудуди 230 километр ба тарафи шимоли ғарбӣ будааст. Ин ду муҷассама ба баландии 53 метр ва 35 метр, дар канори маҷмӯъае аз биноҳои таърихӣ дар ин маҳал барои замоне тӯлонӣ аз ҷозибаҳои аслии гардишгарӣ дар Афғонистон буданд. Тандиси кӯчактар дар соли 507 мелодӣ ва тандиси бузургтар дар соли 554 мелодӣ сохта шудааст. Ин ду тандис, нишондиҳандаи сабки куҳан ҳунари юнонӣ ва буддоӣ будааст, ки дар манотиқи Осиёи Марказӣ бавежа дар Афғонистон ривоҷ доштааст.

Аз тарафи Толибон соли 2001 вайрон карда шуда буд.