Jump to content

Таҳмина Ниёзова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тахмина Ниёзова)
Таҳмина Ниёзова
Таҳмина Ниёзова, соли 2017
Таҳмина Ниёзова, соли 2017
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 14 феврал 1989(1989-02-14) (35 сол)
Зодгоҳ Душанбе, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2003 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии попи тоҷикӣ
Номи мустаъор Тахмина Ниязова
 Парвандаҳо дар Викианбор
Таҳмина Ниёзова бо аҳли оила ва дӯстонаш

Тахмина Ниёзова (англ. Tahmina Niyazova; русӣ: Тахмина Ниязова; 14 феврал 1989, Душанбе) - сарояндаи мусиқии попи тоҷикӣ ва номзади илмҳои филологӣ мебошад[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳмина аз оилаи ҳунармандони тоҷик мебошад; бобояш, Боймуҳаммад Ниёзов[2][3] (1927–2009), сарояндаи машҳури Шашмақом буд. Соли 2012 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо дипломи аъло фарҷом кардааст.

Таҳмина Ниёзова соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони эстрада иштирок намуда, барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардида буд.[2] Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард[4]. Ӯ асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад[4]. Сурудҳоеро бо забонҳои бадахшонӣ ҳам пешниҳод мекунад[5].

Соли 2011 Таҳмина дар ҷашнвораи байналхалқии «Бозори славянӣ дар Витебск» иштирок намуд[3][6].

Таҳмина Ниёзова соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад-рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Соли 2017 дар аспирантураи донишгоҳи давлатии Волгоград таҳсилашро давом дод[7].

Аксари таронаҳои Тахмина Ниёзова аз соли 2006, аз ҷониби Олим Ширинов дар «JC Records Studio» сабт шудаанд. Инҳо сурудҳое ба мисли: «Занги телефон» (2006), «Hero» (2008), «Бути Нозанин» (2009), «Боди Сабо» (2009), «Ман ошиқи руи ту» (2010), «The Power of» Love (2011) ва бисёр дигарҳоянд [8].

  1. Бегство от славы и свадьбы: почему Тахмина Ниязова поменяла Душанбе на Москву. Sputnik (07.06.2021). 14 августи 2021 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Клипи нави Таҳмина Ниёзова “Ту, эй ту” (Видео). 4 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2016.
  3. 3.0 3.1 Хушқадамова, Ҳалима ТАХМИНА НИЁЗОВА «ВИТЕБСК-2011»-РО ТАСХИР МЕКУНАД. СИТОРАҲО ДАР ОСМОНИ ҲУНАР (Новости шоубизнеса и мира звезд, обзор ярких событий в Таджикистани и за рубежом).
  4. 4.0 4.1 Таҳмина Ниёзова бо имиҷи нав дар PMC ва ҳушдор ба тақаллубкорон. Хабаргузории "Озодагон" (27 октябр 2014, 15:42). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2016.
  5. САДО: Суруди бадахшии Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров. Оcиёи Марказӣ » Тоҷикистон. ozodagon (4 май 2015). 9 марти 2020 санҷида шуд.
  6. Международный конкурс исполнителей эстрадной песни «ВИТЕБСК –2011»
  7. Таҳмина Ниёзова намоҳанги навашро ба падарбузургаш бахшид. Sputnik (22.08.2017). 10 май 2021 санҷида шуд.
  8. «JC Records Studio» ISNI ID
  9. Таҳмина ашӯлаи "Ман ошиқи рӯи ту"-ро мехонад // youtube.com
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: