Jump to content

Таърихи Табарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аксе ки дар китоби Таърихи Табари ҷой гирифта шудааст, нусхаи Балъами аст, ки ба забони форсӣ аз арабӣ тарҷума кардааст «Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»-и ат-Табарӣ асри XIV

Абуалии Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Аз силсилаи «Халқҳои эронӣ дар маъхазҳои таърихӣ». (Иборат аз се ҷилд). Ҷ. I — Душанбе: Ирфон, 1992. — 656 с.

«Таърихи Табарӣ» (форсӣ: «تاریخ طبری»‎) ё «Ториху-р-русул-вал-мулук» (ар. «تاریخ الرسل و الملوک»‎) ё ин ки «Ториху-л-умам-вал-мулук» (ар. «تاریخ الامم و الملوک»‎) — китобест, ки торихнигору пажӯҳишгар Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ ба забони арабӣ навишта ва яке аз муътабартарин манобеъи давраи исломӣ аст.

Тарҷумони китоб

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Таърихи Табарӣ»-ро Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ аз арабӣ ба форсӣ баргардондааст[1]. Дар ин асари таърихӣ этногенези мардумони эронитабор, ҳудуди густариши воқеъии ин мардумон (сукунати аввала ва баъдинаашон) ва забонҳои онҳо, урфу одат ва суннатҳои фарҳангии шаҳру рустоҳои Эронзамин ва як идда масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ хоҳад шуд.

«Таърихи Табарӣ» таърихи мардумони эронитаборро аз Рӯзи Офариниш то пойдор шудани Хилофати Араб бозгӯ мекунад. Ба гуфти пажӯҳишгарони тоҷик — мураттибони «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ Муҳаммадҷон Умаров ва Файзулло Бобоев

«Балъамӣ аввалин донишманди таърихнигор буд, ки тамоми матолиб ва маълумоти таърихномаи Табариро ба таҳлилу тадқиқи илмӣ кашида, дар асоси он ва маълумоти сарчашмаҳои дигар ба забони дарӣ асари тозае офарид. Ва аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Балъамӣ муаллиф аст, зеро маълумоти муфассал дар достони Баҳроми Чӯбин ва фаслҳои марбут ба футуҳи кишвари Эрон берун аз ахбори арабӣ ва берун аз ин китоби таърих аст»

.