Таърихи ҷадид
Номи расмӣ | укр. новітня історія |
---|---|
Замони оғоз | 1945 ва асри XIX |
Замони поён | номаълум |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърихи ҷадид — ин давраест, ки мо дар он, дар ҳоли ҳозир зиндагӣ карда истодаем. Шартан гуфтан мумкин аст, ки таърихи ҷадид баъд аз анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон, соли 1945 ибтидо шудааст.
Ин давра пайдоиши фарҳанги оммавиро ба хотир меоварад, аз он ҷумла тақрибан соли 1961, вақте ки гурӯҳи The Beatles дунёро ба ҳайрат гузошту Юрий Гагарин кайҳонро.
Зиддияти ду ҷаҳонбинӣ — коммунизм ва капитализм —барои тараққиёти илму техника, фарҳанги оммавӣ , таҷҳизотҳо (телевизион,радио,интернет, кино, нашрияҳои чопӣ), глобализм ва ғайра таккони бузургеро бахшид.
Декабри соли 1991 Итттиҳоди Давлатҳои Сотсиалистии Шӯравӣ барҳам хӯрд, ки тамоми дунёро тағйир дод. Мамлакатҳои коммунистӣ ба шакли демократӣ гузаштанд. Соли 2003 дар Ироқ ҷанг сар шуд, ки давлатро ба шакли демократӣ гузаронид. Тахминан дар ҳамин вақт дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шӯриш («инқилоботи норанҷӣ») рух дод.
Бо кӯшиши ширкати Commodore Int., аз соли 1985 сар карда дар тамоми дунёо компӯтар барои бозӣ паҳн гаштанд. Тараққиёти пуршиддати соҳаи нави индустрӣ сар шуд, ки истеҳсоли компӯтар ва барномаҳои таъминотӣ барои онҳо мебошанд. Дар ҳоли ҳозир аз нисф зиёди аҳолии дунё бо компӯтар кор мекунанд. Аз солҳои 80-ум сар карда шабакаи Интернет тараққӣ мекард. Ҳоло бошад қариб, ки аз ҳаммаи компӯтарҳо ба шабакаи интернет дохил шудан мумкин аст. Ҳаёти имрӯзаро бе интернет ва компӯтар тасаввур кардан мушкил аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |