Jump to content

Темур Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Темур Каримов
Темур Каримов
Таърихи таваллуд 3 феврал 1928(1928-02-03)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 28 июл 1989(1989-07-28) (61 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо медали «Барои меҳнати шоён, ба муносибати 100 солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин»

Темур Каримов (тав. 03.02.1928, шаҳри Хуҷанд – ваф. 28.07.1989, шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1969), профессор (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Темур Каримов солҳои 1941–1946 донишҷӯи факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, 1946–1947 мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Уротеппа, 1947–1948 инспектори шуъбаи мактабҳои маорифи халқи вилояти Ленинобод, 1948–1964 муаллим, муаллими калон, муовини декани факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, 1964– 1972 мудири кафедраи таърихи ҲКИШ ва коммунизми илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1972–1977 профессори кафедраи таърихи ҲКИШ, 1977–1982 мудири кафедраи таърихи ҲКИШ, 1982–1989 профессори кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи зиёда аз 10 асар ва 150 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Оид ба барпо ва мустаҳкам кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ корҳои илмӣ бурдааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён, ба муносибати 100 солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

  • Победа Великой Октябрьской социалистической революции в Северном Таджикистане, Сталинабад, 1957;
  • Таджикистан в период революции 1905–1907 гг., Д., 1965;
  • Восстание 1916г. в Таджикистане, Д., 1968 ва диг.