Тобеъ намудани Бухорои Шарқӣ
Дар Аморати Бухоро ба монанди бекигариҳои Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва дигар мулкҳое буданд, ки ҳокимонашон худро мустақил ҳисобида, ба амир сар намефароварданд. Амир Музаффарро мағлубият аз Русия ва мулкҳои аз даст додааш (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон ) ором намегузошт. Ҷойи онҳоро мехост аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад.
Забткориҳои соли 1870 - 1876
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир Музаффар с.1870 бори дуюм ба Бекигарии Ҳисор лашкар кашид. Дар ин сафар қӯшунҳои амир аввал қувваҳои ҳарбии беки Бекигарии Шеробод - Остонақулбекбий ва ҳокими нави Бекигарии Деҳнав – Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳо шумораи қатлшудагон бештар аз 5 ҳазор нафарро ташкил дода, водӣ ба харобазор табдил дода шуд. Худи ҳамон сол амир барои забти Бекигарии Кӯлоб дастаҳои худро бо роҳбарии Яъқуббеки қӯшбегӣ фиристод. Ҳокими Кӯлоб – Сарахон ба Афғонистон гурехт. Дар натиҷа, Яъқуббек бе муҳориба мулкҳои Бекигарии Кӯлоб, Бекигарии Балҷувон, Бекигарии Қӯрғонтеппа ва Бекигарии Қубодиёнро гирифт.
Забткориҳои соли 1877 - 1878
[вироиш | вироиши манбаъ]Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои аморати Бухоро барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Аз с.1870 то с.1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон (писари бародари калони амир Музаффар - Муқимхон) буд ва ӯ тарафдори мустақили он ба ҳисоб мерафт. Амир Музаффар с.1876 Раҳимхонро ба Бухоро даъват карда, ба ҷойи ӯ амакбачаи Раҳимхон – Саидхонро фиристод. Саидхон ба амир содиқ ва тарафдори тобеияти Бекигарии Қаротегин ба Бухоро буд. Амир Музаффар с.1877 Саидхонро ба Бухоро даъват кард, худи ҳамон сол Раҳимхонро нобуд сохт ва ба Қаротегин Худойназар атолиқро ҳоким таъйин кард. Дар натиҷаи ин амалиёт мулки Қаротегин бе ҷанг ба ҳайати Аморати Бухоро дохил карда шуд. Пас аз ин навбати Дарвоз омад. Беки Қаротегин Худойназар с.1877 бори якум ба Дарвоз бо 150 сарбоз лашкар кашид, лекин шикаст хӯрд. Худойназар бо роҳи фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро ба Шаҳрисабз, гӯё ба мулоқоти амир Музаффар фиристода, дар он ҷо ӯро асир кард. Мардуми Дарвоз ба ғазаб омада лашкари тақрибан 1,5 ҳазораи Худойназарро торумор карданд. Баҳори соли 1878 амир Музаффар қувваи бисёреро бо сарварии Худойназар ба Бекигарии Дарвоз фиристод. Онҳо аввал қалъаи мустаҳками Кафтархона, сипас Қалъаи Хумбро забт намуда, мулки Дарвозро низ ба тобеияти Аморати Бухоро дароварданд. Барои идораи мулкҳои Бухорои Шарқӣ онҳоро ба бекигариҳо тақсим намуда, ба онҳо шахсони наздики амирро таъйин карданд. Дар охири садаи XIX ба Аморати Бухоро бекигариҳои зерини Бухорои Шарқӣ шомил буданд: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Қаротегин, Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Шеробод, Юрчӣ.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
- Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Х., 2005;
- Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 126-127