Том Ҳэнкс
англ. Tom Hanks | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Thomas Jeffrey Hanks |
Таърихи таваллуд: | 9 июл 1956[1][2][3][…] (68 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи синамо, коргардони филм, таҳиякунандаи филм, нависанда, садопеша, филмноманавис, оҳангсоз, ҳунарпешаи шахсият, ҳунарпешаи телевизиюн, коргардони телевизиюнӣ, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, ҳунарпеша, муҷрии телевизион, таҳиякунандаи иҷроӣ, voiceover artiste, ҳунарпешаи театр, мазҳакабоз, қиссанавис, коргардон |
Корнома: | 1977 — то ҳол |
Самт: | кумедӣ ва мелодрама |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000158 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Томас Ҷеффрӣ Ҳэнкс (англ. Thomas Jeffrey Hanks ; тав. 9 июли соли 1956) — ҳунарпеша, продюсер, коргардон ва филмноманависи машҳури амрикоӣ.
Ҳэнкс ҷодаи актёриро аз филмҳои ҳаҷвӣ ва телевизионӣ оғоз кардааст.
Филмҳое, ки ба Ҳэнкс шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, инҳоянд: «Шалап-шулуп» (1984), «Бузург» (1988), «Туннер ва Ҳуч» (1989), «Лигаи худашон» (1992), «Бехоб дар Сиэтл» (1993), «Аполлон 13» (1995), «Ба шумо мактуб» (1998), « Наҷоти сарбоз Райан» (1998), « Масири сабз»(1999), «Рафта»(2000), «Ҷодае ба сӯи табоҳӣ» (2002), "Бозиҳои ҷанобон (2004), «Абри атлас» (2012), «Капитан Филлипс» (2013), «Наҷоти ҷаноби Бенкс» (2013), «Муъҷиза дар Ҳудзон» (2016) ва «Рӯзи зебои ҳамсоягӣ» (2019).
Замони кӯдакӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Томас Ҷеффрӣ Ҳэнкс 9 июли соли 1956 дар Конкорди Калифорния таваллуд шудааст[4]. Падараш англис, модар портуғолӣ. Падари ӯ ошпази як тарабхонаи маҳаллӣ буд, модараш дар беморхона кор мекард. Томмӣ фарзанди сеюми оила буд. Ҳангоми панҷсолагии Ҳэнкс волидонаш ҷудо шуданд ва тибқи қонунгузории иёлати Колифорниё се фарзанд (Том, Ларрӣ ва Сандра)-ро падар бо худ гирифт. Том аз хурдӣ ҳангоми таҳсил ҳунари актёрии худро дар маҳфилҳо нишон медод.
Маснад
[вироиш | вироиши манбаъ]Том Ҳэнкс аз соли 1980 дар филмҳо нақшофарӣ кардааст. Аввалин нақши ӯ дар филми «Ӯ медонад, ки чӣ қадар танҳоӣ»[5] буд. Аммо қадамҳои устувори ӯ дар роҳи «кашфиёт» -и ҳақиқии ҳунари худ аз филми ҳаҷвию романтикии « Шалап-шулуп» оғоз шуд..
Муваффақияти филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Филми «Форрест Гамп», ки дар он Том Ҳэнкс нақши асосиро бозидааст, соли 1994 ба ҳангома табдил ёфт[6]. Қаҳрамони филм як кӯдаки маъюбе аст, ки доимо боиси тамасхӯру хандаи атрофиён аст. Ӯро ҳамагон «кавдани маҳалла» мехонданд. Аммо кӯшишҳои пайваста ӯро аз як кӯдакӣ кундзеҳн ба нобиғаи тенниси рӯи миз (пинг-понг) ва барандаи қаҳрамонии тенниси ҷаҳон дар Чин, инчунин қаҳрамони ҷанги Ветнам ва миллионер гардонид. Филми мазкур аз рӯи номинаҳои гунагун ба 6 ҷоизаи «Оскар» мушарраф шуд.
Зиндагии шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳэнкс соли 1978 бо ҳунарпеша Саманта Луис издивоҷ кард, ки аз ӯ ду фарзанд — писараш Колин (соли таваллудаш 1977) ва духтараш Элизабет Анн (соли 1982) таваллуд шудааст. Онҳо соли 1987 ҷудо шуданд[7].
Соли 1988 Ҳэнкс бо ҳунарпеша Рита Уилсон издивоҷ кард[8]. Аз ин издивоҷ ду писар доранд.
Эътироф ва мерос
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳэнкс ҳамчун як шахси оддиву меҳрубон бо мухлисонаш маълум аст. Ӯро аксар вақт «Падари амрикоӣ» меноманд (англ. America’s Dad)[9].
Том Ҳэнкс дар миёни ҳунармандони сердаромади Амрикои Шимолӣ ҷои савумро ишғол мекунад[10]. Аз соли 2018 филмҳои нақшофаридаи Ҳэнкс беш аз 9 миллиард доллар даромади умумӣ ба даст оварданд[11].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ Tom Hanks Biography (1956-). www.filmreference.com. 19 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ Tom Hanks(англ.). Biography.com. 19 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ Forrest Gump (1994) - Box Office Mojo(англ.). www.boxofficemojo.com. 19 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ Interview with Tom Hanks: Desert island risks(англ.). The Guardian (12 January 2001).
- ↑ Tom Hanks Biography(англ.). Biography.com.
- ↑ Betancourt, Manuel. How Tom Hanks Slowly Became America's Dad(англ.), Esquire (8 September 2016).
- ↑ Box Office Mojo - People Index(англ.). www.boxofficemojo.com. 19 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ Tom Hanks Movie Box Office Results(англ.). Box Office Mojo.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 9 июл
- Зодагони соли 1956
- Зодагони Калифорния
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Ҳунарпешамардони синамои ИМА
- Филмноманависони ИМА
- Филмноманависони асри XXI
- Филмноманависони асри XX
- Филмноманависон аз рӯи алифбо
- Коргардонҳои ИМА
- Коргардонҳо аз рӯи алифбо
- Продюсерони ИМА
- Ҳунарпешамардони театри ИМА
- Ҳунарпешаҳои телевизиони ИМА
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон