Jump to content

Тоҷиддин Ниёз Саидзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷиддин Ниёз Саидзода
Тоҷиддин Ниёз Саидзода
Таърихи таваллуд 8 январ 1977(1977-01-08)
Зодгоҳ Тоҷикистон

Тоҷиддин Ниёз Саидзода - Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (аз 12 январи соли 2017)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷиддин Ниёз Саидзода 8 январи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳ аз соли 2000 то соли 2015 дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Турсунзода ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Турсунзода, муовини Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Прокурори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз соли 2015 то соли 2016 дар вазифаи сардори шуъбаи кабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз феврали соли 2016 ба ҳайси сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 12 январи соли 2017 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1]