Jump to content

Тоҷикони ҷаҳон (маҷалла)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Тоҷикони ҷаҳон»- маҷаллаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ.

Маҷалла бо шаҳодатномаи № 041004706 дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ таърихи 5 майи соли 2011 ба сабти давлатӣ ва 17 майи соли 2011 таҳти рақами 0143/мҷ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бори дуввум шаҳодатнома дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ таърихи 29 августи соли 2016 таҳти рақами 0143/МҶ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» Оқилова Маҳфуза Маҳмудҷоновна мебошад. «Тоҷикони ҷаҳон» ба хотири беҳдошту иршоди рӯзгори тоҷикон таъсис ёфта, ҳамаи масоили марбут ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маданӣ-маърифатии фарду оила, ҷамоатҳову коргоҳҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо ва маълумот дар бораи тоҷикони бурунмарзиро маводи интишориву таҳлилӣ қарор медиҳад. Дар маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» дар бораи шахсони фарҳангдӯст, ободгарони ҷумҳуриамон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, омӯзгорони варзида, соҳибкорони номӣ, табибони беҳтарин, кишоварзон, бонуҳои фаъоли ҷомеа мақолаҳо ва саҳифаҳои тиҷоратӣ чоп мекунанд. Ба саҳнаи маънавиёти муосир қадам гузоштани «Тоҷикони ҷаҳон» ба ҷаҳони тоҷикон ҳусну таровати нав, рангу ҷилои пурҷозиба, руҳи илҳомбахш, афкори наҷиб ҳадя месозад.[1]

  1. http://tojikonijahon.com