Jump to content

Тоҷикон (китоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷикон
Нигора
Китоби «Тоҷикон», нашри соли 2020
Унвони мақола русӣ: Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая культура
Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав
Нависанда Бобоҷон Ғафуров
Кишвари созанда
Забони навиштаҷот ё осор/асар русӣ ва тоҷикӣ
Таърихи интишор 1972

«Тоҷикон» (русӣ: Таджики) — асари таърихии Бобоҷон Ғафуров, ки нахуст ба русӣ (М., «Наука», 1972) ва сипас ба тоҷикӣ (Д., «Ирфон», ҷ. 1, 1983, ҷ. 2, 1985) чоп шудааст. Таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии мардуми тоҷик дар нашри русӣ то миёнаи қарни 18 (дар нашри тоҷикӣ то соли 1917)-ро дар бар мегирад[1].

Бобоҷон Ғафуров дар заминаи таърихи миллӣ соли 1948 рисолаи мухтасаре таҳти унвони «История таджикского народа в кратком изложение»[2] ба табъ расонд ва дар замони директори Институти шарқшиносии ИҶШС буданаш, ба таҳқиқоти тоҷикшиносӣ бештар машғул шуда натиҷаи пажӯҳиши чандинсолаашро дар китоби муфассали «Тоҷикон» ҷамъбаст кард[3]. Бобоҷон Ғафуров дар таълифи китоби «Тоҷикон» беш аз 2000 сарчашма, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро ба кор бурдааст, ки 367 адади он навиштаи донишмандони хориҷӣ мебошад[4].

«Тоҷикон» аз муқаддима, 5 бахш ва 16 фасл (дар тоҷикӣ 6 б; 17 ф.) ва замимаҳо иборат аст. Дар нусхаи русӣ бахши якум аз ташаккул ва тараққии сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар сарзамини ниёгони тоҷикон, дар дуюм аз ҳаёти онон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ, дар сеюм, чорум ва панҷум — аз таърихи ташаккулу тараққии сохти феодалӣ сухан меравад[1].

Дар нусхаи тоҷикӣ китоби якум аз чор бахш иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф — аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷ ум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд.[5]

Муаллиф истинодан ба маводди муътамади илмӣ тоҷикшиносиро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳонӣ таҳқиқ кардааст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар мавқеи интернатсионалистӣ устувор истода, ба худситоии миллӣ ва идеализатсия роҳ надодааст. Дар китоб масоилии муҳимми таърихи Шарқ, аз ҷумла баъзе масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии он: проблемаи ориёнҳо ва бунёди нажодию забонии қавмҳои бостонии Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва даштҳои Авруосиё; ташаккул ва таҳаввули зардуштия; таркиби суннатҳои фарҳангии эронию ҳиндию юнонӣ; пайдоиши кушониён, хронологияи давлатдори ва тамаддуни онҳо; сохти иҷтимоию иқтисодӣ; ташаккули таърихии мардуми тоҷик; фарҳанги асримиёнагии эронӣ-тоҷикӣ ва аҳамияти ҷаҳонии он ва ғайра акс ёфтаанд[1].

Масоили қавмзоӣ дар «Тоҷикон»

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.
5 декабри соли 2023

Дар китоби «Тоҷикон» ба масоили этногенез диққати махсус дода шудааст. Муаллиф ташаккули мардуми тоҷикро дар ҷараёни алоқамандии қавмию фарҳангии он бо халқиятҳои ҳамсоя (хосса узбекон) тадқиқ кардааст. Дар худи қарнҳои 7— 6 то мелод дар Осиёи Миёна қавмҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиён, фарғониён, портиҳо ва тоифаҳои сакоиҳо мезистанд, ки аз ҷиҳати фарҳанг, урфу одат ва забон ба ҳам хеле наздик буданд (махсусан суғдиён ва бохтариҳо). Маҳз дар заминаи қавмҳои мазкур, махсусан суғдиён, хоразмиён ва бохтариҳо мардуми тоҷик ташаккул ёфтааст. Ин ҷараёни этногенетикӣ аз охири қарни 5 сар шуда, дар қарнҳои 9—10, дар замони ташаккул ва тараққиёти нахустин давлати тоҷикон анҷом пазируфтааст[1].

Дар ин марҳилаи муҳими таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик ба расмият даромада, рушд кард. Забони ин адабиёт забони порсии дарӣ буд, ки бо он мардум маҳаллӣ — тоҷикони Самарқанду Бухоро, Балху Хуҷанд, Марву Нишопур, Тӯсу Ҳирот ҳарф мезад.

Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» силсилаи масъалаҳои муҳим ва актуалии таърихи тоҷикон ва халқҳои ҳамсояро ба доираи таҳқиқу тадқиқ кашида, онҳоро мавриди муҳокима ва мулоҳизаҳои доманадоре қарор додааст. Хулоса ва андешаҳое, ки дар китоб зимни таҳлилу таркиби бисёрҷиҳатаи сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои муаррихони шӯравию хориҷй баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори шарқшиносӣ ва махсусан эроншиносӣ такон дод[1].

Донистаниҳои ҷолиб

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» тибқи як амри Президенти Тоҷикистон дар соли 2020, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп кардаву аз номи Роҳбари давлат а таври ройгон дар ихтиёри ҳама хонаводаҳои қарор гирифт[6][7].
  • 14 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар саҳни Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст. Дар тарафи чапи муҷассама китоби «Тоҷикон» ҷой дода шудааст.[8][9]
  • Дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «„Тоҷикон“ — оинаи таърихи миллат» бо сарпарасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд[10]. Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст[11].

Ҳоло китоби «Тоҷикон» ба забонҳои инглисӣ[12], ҷопонӣ, лаҳистонӣ[1], чинӣ[13], арабӣ[14] ва фаронсавӣ тарҷума шуда[7] ва барои ҳавзаи фарҳангии забони форсӣ, Афғонистон ва Эрон низ бо хатти форсӣ ба табъ расидааст[15][16].

русӣ
  • Б. Г. Гафуров. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая культура. — М. : Наука, 1972. — 657 с.
тоҷикӣ
  • Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. — Д., 1973; Китоби 2, Д., 1985;
  • Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Д., 1998. — 870 с.;
  • Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Д., 2008. — 870 с.;
  • Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Д., 2020. — 976 с.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Тоҷикон / А. Турсунов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — С. 429—430. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  2. Бободжан Гафурович Гафуров, Bobodžan Gafurovič Gafurov. История таджикского народа в кратком изложении. — Москва, Russie, Fédération de: Гос. изд-во полит. лит-ры, 1955 Moskva : Gos. izd-vo polit. lit-ry, 1955. — 544 с.
  3. Матлуба НУРОВА. “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров - шиносномаи миллати тоҷик(рус.). ravshanfikr.tj. 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  4. Т. Салимов. Китоби «Тоҷикон» – шоҳасари безаволи миллати тоҷик. Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (1 июли 2022).
  5. Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Душанбе, 2008. — C.10
  6. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (6 феврали 2020). 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  7. 7.0 7.1 Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (5 Декабри 2023). 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  8. Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров.Он туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад(тоҷ.). www.ctd.tj (2023). 14 Январ 2024 санҷида шуд.
  9. Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров. Президенти Тоҷикистон (14 ноябри 2023). 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  10. Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Тоҷикистон (7 июли 2022). 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  11. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, №АП-227. Президенти Тоҷикистон (7 июли 2022).
  12. Gafurov, B. G.; Sharifov, J. (2011). Tajiks: pre ancient, ancient and medieval history. Volumes 1 & 2. Dushanbe: "Irfon". ISBN 978-99947-0-323-4. 
  13. 塔吉克人:上古时代、古代及中世纪历史. www.sklib.cn. 16 май 2024 санҷида шуд.
  14. الطاجيك..التاريخ الأقدم والقديم والأوسط(ар.). syriahomenews. سيرياهوم نيوز (22 августи 2023). 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  15. موسسه فرهنگی اکو. انتشار دوباره کتاب «تاجیکان» اثر باباجان غفور اف(форсӣ). موسسه فرهنگی اکو. 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  16. تاجیکان: تاریخ قدیم و قرون وسطی: جلد اول و دوم (in форсӣ).