Пантуркизм
Пантуркизм [پنترکيزم] — туркгароӣ, ҷараёни миллатгароӣ дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ, ки ба бартариҷӯии туркон нисбат ба халқҳои дигар асос ёфтааст.[1]
Асосгузорони равия ва тарғиботчиёни туркгароӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Исмоил Гаспринский (8.03.1852, деҳаи Гаспар, Қрим – 11.09.1914, Боғчасарой) — яке аз равшанфикрони тотори Қрим, ходими сиёсӣ, маорифпарвар, рӯзноманигор, адиб ва ношир, яке аз поягузорони ҷараёнҳои ҷадидия ва пантуркизм дар императории Русия.
Cарвари маҳаллии ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» Зиё Гёкалп (тур. Ziya Gökalp, номи аслиаш Меҳмед Зиё; 23.3.1876, Чермик (Диёрбакир) — 25.10.1924) аз 1921 дар байни ҷавонтуркони Туркия ақидаҳои туркгароӣ ва миллатгароиро тарғиб мекард. Зиё Гёкалп дар матбуоти даврӣ бо мақолаву асарҳои публитсистӣ ва шеъру достонҳои ҳадафрас бар зидди сиёсати зӯроваронаи Султон Абдулҳамиди II баромад мекард. Зиё Гёкалп ғояи асосии пантуркизм – ҳамаи халқҳои туркзабон ва туркони мусулмон як миллатанд ва бояд дар атрофи Туркия ва ҳудуди як давлат муттаҳид шавандро дар асараш «Туркгароӣ, исломгароӣ ва ҷадидгароӣ» (1913) баён кардааст. Дар асари дигараш «Асосҳои пантуркизм» (1923) бунёди давлати ягонаи туркнажодонро дар Тӯронзамин – аз соҳилҳои баҳри Сиёҳ то Ёқутистону Туркистони Шарқӣ ташвиқ намуда, ақидаҳои асосгузорони маънавии пантуркизм Юсуф Оқчур-уғлӣ (Юсуф) ва Исмоил Гаспринскийро ривоҷ дод.[2].
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Идеология буржуазного национализма в Турции в период младотурок (1908–1914). Боку, 1966
- Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. Душанбе, 2012
- Taha Parla: ''The social and political thought of Ziya Gökalp : 1876—1924''. Leiden 1985
- Mihran Dabag: ''Jungtürkische Visionen und der Völkermord an den Armeniern'', in: Dabag / Platt: ''Genozid und Moderne'' (Band 1), Opladen 1998. ISBN 3-8100-1822-8
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Пантуркизм
- ↑ Младотурецкая революция — статья из Большой советской энциклопедии.