Jump to content

Тӯрақул Ризоқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тӯрақул Ризоқулов
Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович
Таърихи таваллуд 5 март 1972(1972-03-05) (52 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳристон, деҳаи Бураген (ҳоло Фирдавсӣ), вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодчӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои иқтисодӣ,(2009)
Унвонҳои илмӣ профессор (2017), Узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (2018)
Алма-матер Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур (1989-1994)
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012), Ифтихорномаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (2018)

Тӯрақул Ризоқулов (Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович; 05 марти 1972, ноҳияи Шаҳристон, деҳаи Бураген (ҳоло Фирдавсӣ), вилояти Суғд) — номзади илмҳои иқтисодӣ (1999), доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), профессор (2017), узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, (2018), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ризоқулов Тeрақул Рабимқулович – 5 марти соли 1972 дар деҳаи Бурагени (ҳоло Фирдавсӣ) ноҳияи Шаҳристон вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Солҳои 1979 – 1989 мактаби таҳсилотии умумии миёнаи № 29-и деҳаро, ки он вақт ба ноҳияи Уротеппа (ҳоло Истаравшан) тобеъият дошт ба итмом расонидааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1989 – 1994 факултаи иқтисодии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон Душанберо бо дипломи аъло хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳи номбурда фаъолияти илмӣ – педагогии худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров аз моҳи августи соли 1994 оғоз намудааст. Солҳои 1994 – 1995 чун муаллими кафедраи умумиқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст. Солҳои 1995 – 1998 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил намудааст. Солҳои 1999 – 2000 аввал чун сармуаллим, сониян дотсенти кафедраи «Молия ва қарз»-и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров фаъолияти худро давом доданд. Аз моҳи августи соли 2000 то соли 2006 вазифаи мудири кафедраи «Молия ва қарз» ва хамзамон вазифаи ноиб декан оид ба илми факултаи иқтисодиро низ дар уҳда доштанд. Солҳои 2006 – 2008 бо мақсади ба итмом расонидани рисолаи доктории худ ба вазифаи ходими калони илмӣ гузаронида шуд. Пас аз ду соли фаъолияти илмӣ дар моҳи апрели соли 2008 ба вазифаи мудири кафедраи «Молия, таҳлил ва оморӣ» ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таъйин гардидаанд. Аз моҳи феврали соли 2009 то июли соли 2012 вазифаи декани факултаи кибернетикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро иҷро намуданд. Дар давраи мо[ҳои июл - октябри соли 2012 профессори кафедраи молия, та[лил ва омор, аз октябри соли 2012 то моҳи марти соли 2014 вазифаи мудири кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и факултаи молия ва иrтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро дар уҳда доштанд. Аз моҳи марти соли 2014 то моҳи майи соли 2019 вазифаи муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро иҷрои вазифа намудааст. Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович аз 5-уми майи соли 2019 бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи гузариш ба ҳайси муовини ректор оид илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардидааст ва то ҳоло дар вазифаи мазкур фаъолият доранд. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошанд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи илмии номзадии худро 25 июни соли 1999-ум дар Шӯрои дифоъи махсуси диссертатсионӣ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси: 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ фаъолият мекард бо муваффақият дифоъ намуда соҳиби унвони номзади илм гаштааст. Солҳои 2001 – 2003 дар чорчӯбаи барномаи «Стандарти байналхалқии ҳисоботҳои молиявӣ» (СБҲМ) иштирок намуда, пас аз супоридани имтиҳонҳои байналхалқӣ ба дипломи байналхалқӣ (сертификати мутахассис) оид ба баҳисобгирии байналҳалқӣ соҳиб гашт ва ба Ризокулов Т. Р. унвони ихтисосӣ - «Муҳосиби – байналхалки» дода шудааст. Соли 2009-ум 25 сентябр дар Шӯрои диссертатсионии доктории дар назди Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ рисолаи доктории худро бо муваффақият дифоъ намудааст ва моҳи марти соли 2010 бо қарори ВАК-и Россия ба унвони доктори илмҳои иқтисодӣ ноил гаштааст. Боиси қайд аст, ки устод Ризоқулов дар ташкил ва фаъолияти (апрел 2010 – октябр 2013) Шӯрои диссертатсионӣ К 737.002.05, ки ба Комиссияи олии Аттестатсионии Федератсияи Россия тобеият дошт, аз рӯи илмҳои иқтисодӣ барои дифоъи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бевосита фаъолона иштирок намуда дар давраи фаъолияти Шeрои мазкур вазифаи котиби илмии Шӯроро низ сарбаландона иxро кардаанд. Бидуни он дар давраи фаъолияти Шӯрои диссертатсионии номзадӣ ва доктории К 737.002.09 ки дар тобеияти Комиссияи олии Аттестатсионии Федератсияи Россия мавҷуд буд аз рӯи илмҳои иқтисодӣ (ноябр 2013 – март 2016) дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чун аъзои фаъол ва ҳамзамон вазифаи роҳбари бахши назарияи иқтисодиро иҷро намудаанд. Аз соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 устод Тӯрақул Ризоқулов ҳамчун аъзои фаъоли Шӯрои диссертатсионии доктории Д 999.031.03 дар тобеияти Комиссияи олии Аттестатсионии Федератсияи Россия аст, аз рӯи илмҳои иқтисодӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кард. Ҳоло Ризоқулов аъзои фаъоли Шӯрои диссертатсионии доктории 6О.КОА-023, ки ба тобеияти Комиссияи олии Аттестатсионии дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид аст дар назди Доништохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рӯи илмҳои иқтисодӣ ташкил шудааст, мебошад. Дар таҳти роҳбарии устод Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович 19 нафар унвонҷӯ (аспирантон) аз макотибҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дифо намуда соҳиби дипломҳои номзадӣ гаштанд. Дар айни ҳол мушовири илмии 2 нафар докторант ва роҳбари илмии 9 нафар унвонҷӯён мебошанд, ки онҳо низ барои дифоъ рисолаҳои худро омода намуда истодаанд. Устод дар конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо маърӯзаҳо фаъолона иштирок намуда менамояд, ки натиҷаҳои он дар маҷмӯаи мақолаҳои онҳо нашр гардидааст.

Профессор Тӯрақул Ризоқулов дорои асару мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои таълимӣ мебошанд. Мавзӯи тадқиқоти илмии устод Ризоқулов Тӯрақул ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳалли муаммоҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллифи – зиёда аз 97 мақолаҳои илмӣ, 3 монография, 7 – китоби дарсӣ, 9 дастурҳои таълимӣ-методӣ мебошанд.

Мақолаҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • К вопросу исследования развития банковской системы Таджикистана в годы суверенитета. // Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: ТНУ, 2013. - № 2\3(111). – С. 247-253. ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847.
  • Особенности механизма оплаты труда в дехканских (фермерских) хозяйствах в условиях рынка. // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. -Худжанд: 2013. №2 (54). – С. 132-141. ISSN Импакт-фактор журнала 2218-256Х.
  • Влияние инфляции на доходы и уровень жизни населения в переходной экономике Таджикистана. // Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: ТНУ, 2013. -№ 2\3.(111). –С. 257 – 262. ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847.
  • К вопросу оценки роли финансового рынка в развитие производственного сектора экономики Таджикистана. // Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: ТНУ, 2013. - № 2\3(111). –С. 280-284. ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847
  • Факторы миграционных тенденций в экономике Таджикистана. // Таджикистан и современный мир. – Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан, 2014. №2 (41), -С.89-95. ISSN. Импакт-фактор журнала – 2075-9584;
  • Вопросы совершенствования организации и оплаты труда в системе таможенных органов Республики Таджикистан. // Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук. - Душанбе: ТНУ, 2014. - № 2/4 (138). –С. 15-19 (в соавторстве). ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847.
  • Инвестиционная стратегия в активизации структурной перестройки национальной экономики Таджикистана// Современные проблемы науки и образования, 2014, - № 3, (в соавторстве,) - режим доступа: http://www.science-education.ru/119-15220. ISSN 2070-7428 Импакт-фактор РИНЦ – 1,028.
  • К исследованию проблем занятости населения в Республике Таджикистан в современных условиях (некоторые гендерные аспекты вопроса).// Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук. 2015. № 2/9 (190). - С.71- 74. ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847.
  • Роль и значение банковских услуг в развитии малого и среднего бизнеса в Республике Таджикистан. // Современные проблемы науки и образования. Москва; – 2015. - № 2; URL: http://www.science-education.ru/131-23720 (дата обращения: 03.12.2015). ISSN 2070-7428. Импакт-фактор РИНЦ – 1,028.
  • Трудовой потенциал экономического роста: особенности и пути регулирования.// Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук. - №2/4(169). - 2015. - С.281- 284. ISSN. Импакт-фактор журнала –2074-1847
  • Собираемости налогов в переходной экономике как показатель состояния налогового бремени. // Журнал «Научное обозрение». – Москва; - 2015. - №21. ISSN 1815-4972, Импакт-фактор РИНЦ (пятилетный) – 0,853
  • Факторы, влияющие на развитие розничных энергетических услуг в Республике Таджикистан.// Учёные записки: серии естественные и экономические науки. - Худжанд: - 2016. -№2(37). - С. 100-106. (в соавторстве). ISSN Импакт-фактор журнала 2077-4974
  • Влияние глобализационных процессов на реализацию монетарной политики в Республике Таджикистан.// Научное обозрение. – Москва: – 2016. - № 12. – С.263-271. (в соавторстве). ISSN 1815-4972, Импакт-фактор РИНЦ (пятилетний) – 0,853
  • Развитие рынка ценных бумаг: состояние и современные тенденции.// Научное обозрение. – Москва: - 2016. - № 12. – 2016. – С. 245-251. (в соавторстве). ISSN 1815-4972, Импакт-фактор РИНЦ (пятилетный) – 0,853
  • Модернизация системы образования в национальной экономике Республики Таджикистан: некоторые уроки из Корейского опыта. // Учёные записки: серии естественные и экономические науки. - Худжанд: - 2017. - № 1 (40).- С. 347-353. (в соавторстве). ISSN Импакт-фактор журнала 2077-4974
  • Факторы, влияющие на инвестиционную привлекательность национальной экономики Таджикистана: макроэкономический аспект.// Таджикистан и современный мир. – Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан, - 2017. - № 9. ISSN 2075-9584 9 (в соавторстве)
  • Международный опыт повышения конкурентоспособности: общие контуры и уроки. // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. - 2017. - №2/7. - С. 130-135. ISSN 2413 – 5151 (в соавторстве)
  • Предпосылки формирования инновационной экономики в условиях углубления рыночных отношений. // Учёные записки: серия естественные и экономические науки. - Худжанд: - 2017. - № 3 (42). - С. 161-170. (в соавторстве). ISSN Импакт-фактор журнала 2077-4974
  • Факторы влияющие на инвестиционную привлекательность национальной экономики Таджикистана: макроэкономический аспект. // Таджикистан и современный мир. – Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан. – 2018. - №3 (62). – С. 14-25. ISSN 2075-9584
  • Миграционные процессы на национальном рынке труда в современных условиях: некоторые причины и пути их регулирования. // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. - 2018. - №1 (74). – С. 60-69. ( в соавторстве) ISSN 2411-1945
  • Аналитический взгляд на факторы неплатежей в экономике Республики Таджикистан. // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. - 2018. - №3 (76). – С. 15-28. ( в соавторстве) ISSN 2411-1945.
  • Взаимосвязь развития интеграционных процессов и занятости населения в экономике Таджикистана. // Вестник ВЭГУ (Восточная экономико-юридическая гуманитарная академия). Научный журнал по социально-экономическим, общественным и гуманитарным наукам. – Уфа;– 2018. - № 6 (98). – С. 109 – 115.
  • Совершенствование подходов к охране здоровья населения в системе факторов человеческого развития. // Фундаментальные исследования. Научный журнал. - Москва; – 2018. - № 12. – С. 168-172. ISSN 1812-7339
  • Предпосылки перехода к цифровой экономике и ее влияние на отечественный рынок труда. [Текст] Ризокулов Т.Р., Шамсов И. // Таджикистан и современный мир. – Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан, 2019. – №3 (66). -С. 33-42. ISSN 2075-9584
  • Приоритетные направления обеспечения устойчивости экономического развития регионов. [Текст] / Ризокулов Т.Р., Джумаев А. // Вестник Таджикского государственного университета коммерции. – Душанбе: «Сумани кудрат». – 2019. - № 2 (27). – С. 109-114.
  • Денежные переводы трудовых мигрантов в системе факторов экономического развития Таджикистана. [Текст] Ризокулов Т. Р., Пулатова М. Г., Хакимов Р. Р. // Экономика Таджикистана: Стратегия развития. – 2019.-№3. ISSN 2310-3957
  • Аҳамияти рушди инфрасохторҳо дар иқтисодиёти минтақа ва асосҳои методолгии баҳодиҳӣ ба таъминнокии он. [Матн] Ризоқулов Т.Р., Шарипова Ш. // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Бахши илмҳои ҷамиятӣ // -Хуҷанд: 2019. - №3. – С. 47-56. ISSN 2411-1945
  • Ҳолат ва вазъи истифодабарии захираҳои кории минтақаҳо дар шароити муосир (дар мисоли ноҳияи Исфараи вилояти Суғд). [Текст] Ризокулов Т.Р., Шаропова Н.Ҳ.// Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза. – Душанбе: Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019. – №4 (67). – 0,7 ҷ.ч. ISSN 2075-9584

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Проблемы инфляции в экономике Республики Таджикистан. - Душанбе: «Ирфон», 2006. – 14,3 п.л.
  2. Теоретические основы преодоления стагфляции и зарубежный опыт.- Худжанд: Изд-во «Нури маърифат», 2009. – 15,5 п.л
  3. Формирование стратегии устойчивого развития региональной экономики./ [коллективная монография]. – Душанбе: изд-во «Ирфон», 2014. – 279 с.

Китобҳои дарсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Истилоҳҳо ва масъалаҳо аз назарияи иқтисодӣ (микроиқтисод ва макроиқтисод) / дастури таълимӣ. – Душанбе: “Ирфон”, 2017. - 208 сах.:
  2. Микроиқтисодиёт / дастури таълимӣ. - Душанбе: нашр. «Ирфон», 2016. – 172 саҳ. (бо ҳаммуалиф).
  3. Макроэкономика / (учебное пособие). – Душанбе: изд-во «Ирфон», 2016. – 212 с. (в соавторстве, вклад автора 7 п.л.).
  4. Экономическая теория (учебник). Издание второе, перераб. - Худжанд: изд-во «Нури маърифат», 2014. – 188 с. (в соавторстве, вклад автора 7 п.л.).
  5. Финансы и кредит./ учебное пособие. - Худжанд: изд. «Нури маърифат», 2012. - 76 с.
  6. Налоговая система. Государственный бюджет./ учебное пособие. -Худжанд: изд. «Нури маърифат», 2012. - 56 с.
  7. Основы бизнеса./ учебное пособие. - Худжанд: изд. «Нури маърифат», 2012. - 44 с.
  8. Дастури методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни ихтисоси молия ва қарз. / Дастури методӣ. – Хуҷанд: «Нури маърифат», 2012. - 24 саҳ.
  9. Назарияи иқтисодӣ./ китоби дарсӣ (бо ҳаммуалифӣ). -–Хуҷанд: «Нури маърифат», 2011. -173 саҳ.
  10. Управление занятостью населения/ учебное пособие. -Худжанд: изд-во «Нури маърифат», 2010. - 96 с.

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)
  • Ифтихорномаи фахрии Мақомати давлатии ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд (2009)
  • Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (2017)