Jump to content

Наҷмуддини Насафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Умар ибни Муҳаммади Насафӣ)
Наҷмуддини Насафӣ
араб. ар. عمر بن محمد بن أحمد بن إسماعيل[1]
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, муҳаддис, муфассир, муаррих
Таърихи таваллуд: 1068[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1142[1]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва мотуридӣ[d]
Самти фаъолият: ақида, илми ҳадис, тафсир ва таърих
Корфармо:
Шогирдон: Бурҳонуддини Марғинонӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Наҷмуддини Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ (форсӣ: نجم‌الدین ابوحفص عمر بن محمد بن احمد نسفی‎; 1068[1], Қаршӣ1142[1], Самарқанд) — муфасир, муҳаддис ва таърихнигори форс-тоҷик, муаллифи «Ақоиди Насафӣ» ва «ал-Қанд фӣ таърихи уламои Самарқанд».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи пурраи ӯ Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Луқмони Насафӣ мулаққаб ба Наҷмиддин аст[2]. Гуё ба ҷин ва инс таълим медод ва аз ин рӯ, ба муфтӣ Сақалайн ё муфтиюл-фариқайн буда аст. Вай соли 461ҳ.қ. дар қаряи Нахшаб ё Насаф, ки миёни Балх ва Бухоро воқеъ мебошад, мутаваллид гардид ва барои касби илм ба Бағдод ва Макка сафар намуд. Шумораи устодонаш чунонки худи ӯ дар яке аз китобҳояш зикр мекунад, ки ҳудуди 550 нафар будааст. Вай ҳам асри уламои чун Ҳуҷҷатул-ислом имом Ғазолӣ ва Абулқосим Замаҳшарӣ буд. Омада аст, ки вай дар Макка бо Замаҳшарӣ рӯ ба рӯ шудааст ва бо ӯ гуфтушунид доштааст. Имом Наҷмиддини Насафӣ поёни умри худро дар онљо гузаронд ва дар соли 537ҳ.қ. дар ҳамонҷо даргузашт.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 5. — С. 60.
  2. ЗИНДАГИНОМА ВА ОСОРИ ИЛМИИ НАСАФӢ. mit.tj. Маркази исломшиносӣ. 26 феврали 2024 санҷида шуд.