Усмоналӣ Усмонзода
Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода | |
аз 3 ноябри соли 2020 | |
|
|
Таваллуд |
13 сентябр 1959 (65 сол) |
Таҳсилот | |
Касб | ходими давлатӣ |
Ҷоизаҳо | дараҷаи II (2016), унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода (Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, тав. 13 сентябри соли 1959) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро моҳи ноябри соли 1982 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989-1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.
- Аз соли 2009 то соли 2013 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор кардааст.
- Солҳои 2013-2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
- Солҳои 2014-2020 Ноиби Президенти Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[1]
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Шараф дараҷаи II (2012)
- унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (2016).[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj. 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
- ↑ [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj. 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
- Зодагони 13 сентябр
- Зодагони соли 1959
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Шараф
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Номзадҳои улуми техникӣ
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон