Файзалӣ Аминов
Таърихи таваллуд | 15 апрел 1958 (66 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа[d] (2015) |
Файзалӣ Аминов (Аминов Файзалӣ Азимович; зод. 15 апрели 1958, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2015), дотсент[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзалӣ Аминов 15 апрели соли 1958 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[2]. Солҳои 1975 −1976 дар ҳайати отряди зиддижолаи ноҳияи Орҷоникидзеобод кор кардааст. Соли 1981 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикитонро хатм кард.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1981 — 1982 ассистенти кафедраи атеизми илмии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1982 — 1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Баъд фаъолияти кориашро дар заводи пахтаи ноҳияи Оҷоникидзеобод идома дод. Солҳои 1988 — 1992 дар рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»-и ноҳияи Файзобод кор кардааст. Аз соли 1992 муаллим ва баъд муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи воситаи таълимии «Ҷараёнҳои фалсафаи Ғарб», китобҳои «Фалсафа» (Маҷмӯи саволҳои тестӣ, 2009), «Таълимоти Маркс дар ҳикмати дигаргуниҳои замони муосир» (2011), «Фалсафаи ирратсионалӣ: Артур Шопенгаузер, Фридрих Нитсше» (2011), ҳаммуаллифи «Барномаи таълимӣ» (соли 2002 , аз фанни фалсафа) буда, дар таҳияву навиштани «Барномаи таълимӣ»-и нави мутобиқи стандарти ҳозираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ (аз фанни фалсафа) саҳм гузоштааст.
Ордену медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчун ҷанговари интернатсионалист бо медалҳои «Иштирокчии муҳорибаҳои ҷангӣ», «20-солагии баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон» ва ду медали Ҷумҳурии Афғонистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Члены Ученого совета (ru-RU). ТНУ (29 августи 2023). 9 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4