Файзулло Кароматов
Файзулло Музаффарович Кароматов | |
Таърихи таваллуд | 14 декабр 1925 (99 сол) |
Зодгоҳ | ш. Бухоро |
Пеша(ҳо) | мусиқишинос |
Файзулло Кароматов – (14 декабри 1925, Бухоро), мусиқишинос, Арбоби илми Ӯзбекистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1971), профессор (1973). Доираи мавзӯи илмиаш – мусиқии суннатии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1941 ба Консерваторияи давлатии Тошканд ба синфи Бертйе (скрипка) дохил мешавад. Соли 1944 Институти педагогии Тошканд (факултаи филология)-ро, 1950-ум Консерваторияи давлатии Тошкандро синфи назарияи мусиқӣ, профессор Ю.Н.Тюлин хатм намуд. Солҳои 1951-1954 – аспиранти Консерваторияи Москва, роҳбари илмӣ – профессор В.М.Беляев. аспирантураро ба итмом мерасонад. Фаъолияти кориро соли 1941 дар Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро ба ҳайси скрипканавоз оғоз намуда, солҳои 1943 – 1949 – скрипканавози оркестри симфонии Филармония ва радиои ӯзбекистон, 1949 – ходими илмӣ, 1955-1994 – мудири шуъбаи мусиқӣ, ҳамзамон 1957 – 1964 директори Институти санъатшиносии ба номи Ҳамза (Тошканд), 2000 мудири фонди мусиқии ҳамин институт фаъолият менамояд. Ҳамзамон солҳои 1955-1960 – муаллими кафедраи таърихи мусиқӣ, 1972 мудири кафедраи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ, аз соли 1973 профессор. Кароматов Ф.М. асосгузори нахустин кафедраи мусиқии Шарқ дар миқёси собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мебошад. Тавассути ин воҳиди нави сохтори мактабҳои олии мусиқӣ назари бузурге ба сӯи мусиқии суннатӣ ба вуҷуд омад – нахустин бор дар таърихи системаи таълимии шӯравӣ омӯзиши мусиқии классикии Шашмақом ба сатҳи баландтарини таълимот ворид гашт. Дар муддати кӯтоҳ ин кафедра як қатор мутахассисонеро барои ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ва хориҷи кишвар тарбия намуд. Аз Тоҷикистон дар ин кафедра А. Низомов, Ф. Азизӣ бо тахассуси мусиқишиносӣ ва А. Абдурашидов бо тахассуси навозандагӣ (рубоб) таҳсил намудаанд. Таҳти роҳбарии илмии Ф.М. Кароматов шогирдон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Россия, Судан, Иордания, Бошқирдистон тарбия ёфтаанд. Аспирантон аз Германия, ИМА, Чехия ва Полша коромӯзӣ кардаанд. Саҳми Ф.М. Кароматов дар тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон хеле бузург аст: Аскаралӣ Раҷабзода (рисолаи номзадӣ,1982), Аслиддин Низомов (кори дипломӣ (1976), рисолаи номзадӣ(1990) ва докторӣ (1998); Фароғат Азизӣ (кори дипломӣ, (1981), рисолаи номзадӣ (1989); Абдувалӣ Абдурашидов (рисолаи номзадӣ, 1991), яке аз роҳбарони илмии Баҳринисо Қобилова (рисолаи номзадӣ, 2005).
Ф.Кароматов яке аз созмондиҳандагони симпозиум ва фестивалҳои байналмилалии мусиқишиносӣ ба монанди «Минбари мусиқии кишварҳои Осиё» (1973, 1976), симпозиумҳои мусиқишиносии Самарқанд (1978, 1983, 1987), аъзои чандин ташкилотҳои мусиқии ЮНЕСКО мебошад. ӯ иштирокчии шумораи зиёди конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ мебошад. Ба қалами ӯ теъдоди зиёди осори илмӣ, маърифатӣ, мақолаҳо, маърӯзаҳо, тавсифҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радио тааллуқ доранд. Ф.М. Кароматов мураттиб ва муҳаррири якчанд нашрияҳои илмӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ дар ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, солҳои 1955 – 1991 экспедитсияҳои мусиқӣ-фолклорӣ ва сабтҳои мусиқии мардумӣ анҷом дода шудаанд. Яке аз экспедитсияҳои пурмаҳсули Ф.М. Кароматов (бо ҳамроҳии Низом Нурҷонов) ба Помир солҳои 1968, 1969, 1970, 1971 баргузор гардид. то соли 1983 идома ёфт. Дар натиҷа китоби бисёрҷилдаи «Музыкальное искусство Памира» (нашри аввал: ҷ.1., М., 1978; ҷ.2., М.,1986; нашри 2 бо иловаи ҷ. 3., М., 2011) чоп шудааст. Бо курси лексияҳо дар бораи мусиқии суннатии тоҷик ва ӯзбек дар Университети Варшава, институти мусиқишиносии Краков (Полша, 1976), университети ба номи Гумболди Берлин, мактаби олии мусиқии Веймар ба номи Лист (Германия, 1977), Университети Ҷермук (Иордания, Ирбид, 1990) баромад кардааст. Асарҳои ӯ дар ИМА, Германия, Полша, Руминия, Ҷопон, Туркия, Булғория ва чандин кишварҳои олам ба табъ расидаанд. Зери роҳбарии ӯ 30 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 9 нафар рисолаҳои доктории илмҳои санъатшиносиро дифоъ намудаанд. Ф. Кароматов – Ходими хизматнишондодаи илми ӯзбекистон (1981) буда, бо ордени «Барои меҳнати шоён» (1999) сарфароз гардидааст.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хамза Хакимзаде Ниязи и узбекская музыка. Монография. Ташкент, 1959.
- Узбекская домбровая музыка. Монография. Ташкент, 1962.
- О локальных стилях узбекской народной музыки. / Музыка народов Азии и Африки, кн.1. М., 1964.
- Узбекская инструментальная музыка. Наследие. Монография. – Ташкент, 1972.
- Музыкальное искусство Памира. Сб. нотных расшифровок по материалам совместных экспедиций с Н. Нурджановым. (В соавторстве) Книга 1. Первое изд., М., 1978; второе изд., Бишкек, 2011. Книга 2. Москва, 1986; 2-ое изд., Бишкек 2011; Книга 3, Бишкек, 2011.
- «История музыки в изображениях». Средняя Азия. (на нем. яз.). Совместно с Т.Вызго, В.Мешкерис. Лейпциг, 1988 То же (на япон.яз.), Токио, 1990.
- Предисловие. Послесловие (в соавт. С И.Раджабовым). // Шашмаком. Т. 1. Ташкент, 1966.
- Сурудҳои Помир. // Сурудҳои халқии тоҷикӣ. Т. 3. Душанбе, 1974.
- К проблеме развития музыкального инструментария народов Востока. // музыкальная трибуна Азии. М., 1975.
- Основные задачи изучения макомов и муғамов в республиках Востока. // Макомы, муғамы и современное композиторское творчество. Ташкент, 1978.
- Макомат в условиях современности. // Профессиональная музыка устной традиции народов Ближнего, Среднего Востока и современность. Ташкент, 1981.
- Музыка стран Азии и Африки в системе музыкального образования. // Из опыта работы кафедры восточной музыки Ташкентской консерватории ми. М.Ашрафи по подготовке музыковедов//Актуальные проблемы изучения музыкальных культур стран Азии и Африки. Ташкент, 1983.
- Макам и маком (соавт. Ю.Эльснер). // Музыка народов Азии и Африки, вып. 4. М., 1984.
- Кафедра восточной музыки. // 50 лет Ташкентской государственной консерватории им. М.Ашрафи. Ташкент, 1986.
- Исполнительские традиции народов Ближнего, Среднего Востока в условиях современности // Традиции музыкальных культур народов Ближнего и Среднего Востока и современность. М., 1987.
- Черты профессионального исполнительства на Ближнем и Среднем Востоке. // Культура народов Востока.. музыкальное, театральное искусство и фольклор. Ташкент, 1992.
- Музыкальное наследие народов Средней Азии и Казахстана (в соавт. с Б.Ерзаковичем, А.Пантелирейз, Н.Абубакировой). Хамза Хакимзаде Ниязи. // Истории музыки Средней Азии и Казахстана. М., 1995.
- Конференция по народной музыке. //Советская музыка. 1960, №12.
- К развитию национальных музыкальных культур. //Советская музыка. 1975, №8.
- Музыкальное искусство Памира, Т. 1, - М., 1978 (в соавторстве)
- Нужна четкая позиция (соавт. С.Баласанян, В.Виноградов). //Советская музыка. 1981, №12.
- Исполнительские традиции народов Ближнего и Среднего Востока в условиях современности. //Советская музыка. 1984, №3.
- Музыкальное искусство Памира, Т. 2. - М., 1986 (в соавторстве)
- Музыкальное искусство Памира, в 3 томах. - М., 2011 (в соавторстве)[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 96 ISBN 978-99947-49-13-3
- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 79- 82
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |