Аслиддин Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аслиддин Низомов
Аслиддин Низомов
Санаи таваллуд

1 марти 1950

Касб(ҳо)

мусиқишинос

Аслиддин Низомов — мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Шӯъбаи созҳои халқии Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1971), шӯъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ, синфи профессор Файзулло Кароматов (1976) хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ» (Тошканд, 1990) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна» (Тошканд, 1998) дифоъ намудааст. Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карда, бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979) нахустин мудири он (то соли 1982) таъйин мегардад. Аз соли 1982 то 2007 вай дар вазифаҳои сардори раёсати оид ба корҳои санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ходими калони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, корманди масъули шӯъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то 2013 вай ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ[вироиш]

А.Низомов ҳанӯз солҳои нимаи дуюми 70 — нимаи аввали 80 худро дар соҳаи танқиди мусиқӣ ва этномусиқишиносӣ зуҳур намуд Аслиддин Низомов дар мақолаҳои сершумори танқидӣ дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ проблемаҳои рушди фарҳанги мусиқии миллӣ ва ташаккули жанрҳову равияҳои муосири мусиқиро ба таври васеъ инъикос намудааст. Тӯли солҳои 1979—1982 бо мақсади омӯзиши мусиқии суннатии тоҷикон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳистони тоҷик, аз ҷумла водии Қаротегин (Рашти ҳозира), водии Зарафшон ва Бухорову Хоразми ӯзбекистон экспедитсияҳои этнографӣ гузаронидааст. Маводи нодири ҷамъоварда барои навиштани ду монографияи илмӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ асос гардиданд. А.Низомов муаллифи силсилаи мақолаҳо оид ба эҷодиёти композиторони тоҷик -

  • Фарзанди содиқ ва эҷодкори хоксор (оид ба эҷодиёти Аъзам Солиев) // Аъзам Солиев. Душанбе, 2003, С. 10-18;
  • Масъалаҳои назарияи мусиқӣ дар осори устод Фазлиддин Шаҳобов // Шиҳоби мусиқӣ. Бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ф.Шаҳобов. Душанбе, 2006;
  • Таҳмина нола мекард… // Мавҷи оҳанг. Бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев. Душанбе, 2000, С. 16-22;
  • Мавригӣ // Меҳрномаи Фаттоҳ Одина. Душанбе, 1998, С. 69-74;
  • Она осталась вершиной (Андешаҳо оид ба 20-солагии нахустнамоиши операи Д.Дӯстмуҳаммадов «Қишлоқи тиллоӣ») // Дамир Дӯстмуҳаммадов. Душанбе, 2001, С. 24-32 ва ғ.)

ва ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ мебошад. Соли 1980 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад. Доираи таҳқиқотии вай ба таърих ва назарияи мусиқии классикии тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, як қатор мамолики Шарқ — Афғонистон, Эрон, Марокаш, Алҷазоир мебошад. Бо маърӯзаҳо дар анҷуманҳои байналмилалии илмӣ бахшида ба проблемаҳои умумии фарҳанг ва мусиқӣ дар Самарқанд (1978, 1983 ва ғ.) Душанбе (1980 ва ғайра), Пхенян (1983), Сидней (1996), Берлин (1994), Алмаато (1994), Боку (2001), Теҳрон (2003), Москва (2005) баромад кардааст. Мақола ва баромадҳои ӯ дар Германия, Ҷопон, Эрон ва Корея чоп шудаанд. Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Олмон (1983), Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (1983), Хитой (2006), ӯзбекистон (1998), Франсия (2005), Россия (2005) сафар кардааст. Соли 1994 якҷоя бо рӯзноманигори тоҷик Муҳиддин Олимпур бо фармоиши Ширкати (корпоратсияи) британии «Би-Би-Си» оид ба мусиқии классикии тоҷик силсилаи аудиопортретҳоро (иборат аз 12 қисм) таълиф менамояд мекунад. А. Низомов бо устодони маъруфи мусиқӣ, ба монанди Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Абдулло Назриев, Мирзоқурбон Солиев, Абдураҳим Шерматов, Мамадато Таваллоев, Гурминҷ Завқибеков, Абдусалом Раҳимов ва дигарон ҳамкорӣ намудааст. Соли 2004 бо дастгирии Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ А.Низомов Фестивали «Устод-шогирд»-ро дар шаҳри Кӯлоб доир намуд, ки дар он устодони маъруф бо ҳамроҳии шогидонашон иштирок карданд. Соли 1994 ҳамчун муаллифи сенария ва коргардон дар таҳияи филми мустанади «Савти Аторуд» оид ба эҷодиёти ҳунарпеша ва навозандаи маъруф Гурминҷ Завқибеков ширкат варзидааст. Таҳти таҳрири А.Низомов дар доираи татбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО соли 2007 «Мақоми Рост» аз чоп баромад (Душанбе, «Эҷод», 2007).

Осор[вироиш]

  • Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Центральной Азии. (Монография). Душанбе, «Ирфон», 2000, 307 с. (резюме ба забони англисӣ).
  • История и теория Шашмакома (Монография). Душанбе, 2003. Дар тарҷумаи тоҷикӣ: Таърих ва назарияи Шашмақом. Душанбе, 2006.
  • Традиционная музыка. // Таджикская музыка (гурӯҳи муаллифон): Маҷмӯа. Душанбе, 2003.
  • Музыка как способ постижения бытия. // Баррасиҳои фарҳангӣ. Душанбе, 2000, С. 15-35.
  • Развитие традиционных жанров в музыкальной культуре среднеазиатских республик СССР (на примере Тадж. ССР)//Материалы международного симпозиума ЮНЕСКО. VI Трибуна Азии. Пхенян, 1984. (ба забонҳои кореягӣ ва англисӣ).
  • The poetic arus sistem and the Formal principles in the makams.// Regional magam — traditione in Geschihte und Gegenwort. Teil. // Берлин, 1992, С. 233—248.
  • Das kulturella leuen Tadzikistans// Osteuropa Into. 1995, № 5/ июн, С.15-16.
  • Tajassom-e Aqa’ide tasgvvot dar musiqi-e mardumora-e Keshvarha-e Osiya-e Markazi//Proceedings Second International
  • Iranian Studies Conference «From Avesta to Shahname». — The University of Sydney, NSW, Australia, 1988, Felruary, С. 1-4.
  • About the use of the term «Khana» in Tajik music//Persian: Language of sciense. Душанбе, 1994, С. 2.
  • Outlook aspects of makamat art sufism’s view of theory of samo’// Shashmakom: tradition and present" (Materials of the International
  • Scientific conference, 27-29 August 2005, Samarqand), Тошкент, 2005, С. 103—109.
  • Аслиддин Низомов. Таърих ва назарияи Шашмақом (Китоб).- Душанбе: Адиб,2006. — 504с.
  • Мақоми Рост. — Душанбе, «Эҷод», 2007
  • Умре бо мусиқӣ. — Душанбе, 2011.
  • Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик (Китоб).- Душанбе: Адабиёти бачагона.-2014.-384 с.

Сарчашма[вироиш]

  • Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. — с. 120—123