Фатҳулло Аҳмадов
Таърихи таваллуд | 14 апрел 1918 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 июл 1944 (26 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | ходими низомӣ |
Ҷоизаҳо |
Фатҳулло Аҳмадов (тав. 1918, деҳаи Даштаки ноҳияи Хуҷанд, — 1944, Седлетси Полша) — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945) — сержант.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми курси ронандаи трактор (1937) то соли 1939 дар к-зи «Москва» (ҳоз. к-зи ба номи Ӯрунхоҷаев) кор мекард. Соли 1939 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват шуда, дар шаҳрҳои Одесса ва Каменетс-Подолский хидмат кардааст. Дар мудофиаи Севастопол ва Сталинград ширкат дошт. То сентябри 1942 дар ҳайати полки 23-юми дивизияи 6-уми савораи гвардиягӣ алоқагар буд. Баъд ҳамчун фармондеҳи дастаи аскарони силоҳи танкшикан дар ҳайати эскадрони 1-уми полки 61-уми дивизияи 17-уми савораи гвардиягии тоҷик зидди душман ҷангидааст. 30-юми июли 1944 Аҳмадов барои аз душман озод кардани шаҳри Седлетси Полша корномаи бузург нишон дод. Фармондеҳи взводи силоҳи танкшикан маҷрӯҳ шуда, аз саф баромад, ёвари фармондеҳи взвод ҳалок шуд. Дар чунин вазъияти душвор Аҳмадов ҷасурона фармондеҳии взводро ба уҳда гирифт. Ба пешравии ҷанговарони эскадрон ДЗОТ-и душман халал мерасонд. Аҳмадов бо вуҷуди маҷрӯҳ будан аз майдони ҷанг набаромад. Ӯ бо ҷанговаронаш ДЗОТ-и душманро нобуд кард. Рӯзи дигар задухӯрд дар ҳамин самт боз авҷ гирифт. Ба мавқеи ҷангии ҷанговарони Аҳмадов ду баталиони аскарони пиёдагарди душман бо ҳимояи 13 танк ҳуҷум кард. Дар ин муҳориба ҳам фашистон мағлуб шуданд. Аҳмадов бо дастаи худ танкҳои душманро аз кор бароварда, 18 нафар душманро асир гирифт ва ба пешравии қисмҳои амалкунандаи шӯравӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аҳмадов дар набардҳои озод кардани шаҳри Седлетс қаҳрамонона ҳалок шуд. Барои корнамоиҳои ҷангӣ бо орденҳои Ленин, Шараф (дараҷаи 3) низ сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Онҳо Ватанро мудофиа карданд. Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ — фарзандони Тоҷикистон. Д., 1985;
- Герои Советского Союза (Краткий биографический словарь). Т. 1. М., 1987;
- Сафаров Р. Ҳазору як корнома. Д., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.