Jump to content

Фахритдин Ҳамрокулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фахритдин Ҳамрокулов
Фахритдин Маматқулович Ҳамрокулов
Таърихи таваллуд 6 май 1969(1969-05-06) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Фахритдин Маматқулович Ҳамрокулов (тав. 6.05.1969) ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хатм кардааст. Ихтисос муаллими забон ва адабиёти рус дар мактаби миллӣ.

Солҳои 1995-1999 – Омӯзгори кафедраи Инкишофи нутқи шифои хаттии забони руси ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

Солҳои 1999-2007 – Ноибдекани корҳои тарбиявӣ дар факултаи филологияи руси ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

Солҳои 2007-2012 – Декани факултаи филологияи рус Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров

Солҳои 2012 – 2016 – Муовини декан оид ба таълими факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров

Аз соли 2016 то ҳоло – Дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров

Аз 01.2018 – муовини декан оид ба таълими шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]