Фридрих Вилҳелм Аргеландер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фридрих Вилҳелм Аргеландер
олмонӣ: Friedrich Wilhelm August Argelander
Таърихи таваллуд 22 март 1799(1799-03-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 феврал 1875(1875-02-17)[1][2][3][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ, заминсанҷӣ, photometry[d][5], Ахтаршиносии куравӣ[5] ва astronomical observation[d][5]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Фридрих Вилгелм Бессел
Шогирдон Wilhelm Julius Foerster[d] ва Adalbert Krueger[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фридрих Вилҳелм Август Аргеландер (олмонӣ: Friedrich Wilhelm August Argelander; 22 март 1799[1][2][3][…], Клайпеда[d][2][3]17 феврал 1875[1][2][3][…], Бонн, Подшоҳии Пруссия[d][4][2][3]) — ахтаршиноси олмонӣ. Узви вобастаи АИ Петербург (1826).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Кёнигсбергро хатм кардааст (1822). Солҳои 1823—1832 директори расадхонаи астрономӣ дар Або, 1832—1836 сарвари расадхона дар Гелсингфорс, аз соли 1836 сарвари расадхонаи Бонн. Раиси Ҷамъияти астрономҳои Германия (1864—1867). Асарҳои илмиаш асосан ба астрономияи мушоҳидавӣ ва фотометрия бахшида шудаанд. Дар тадқиқотҳои Ф. В. Бессел ҷиҳати муайян кардани мавқеи саҳеҳи ситораҳо иштирок кардааст. Ба омӯзиши ҳаракатҳои хусусии ситораҳо машғул шуда, аз рӯи ин мушоҳидаҳо феҳрасти 560 ситораро таҳия кард (1835). Аргеландер яке аз асосгузорони омӯзиши муназзами ситораҳои тағйирёбанда буд. Усули содаи бо чашм баҳодиҳии тобиши ситораи таҳқиқшавандаро таҳия кард (усули дараҷаҳо). Мафҳуми муосири «ситораҳои тағйирёбанда»-ро ба илм дохил намуд. Аз соли 1938 то соли 1870 ба тобиши 40 ситораи тағйирёбанда бо 12000 тавсифот баҳо дод. Ҳаракати хусусии 390 ситораро таҳлил намуда, ҳаракати Офтобро нисбати дигар ситораҳо собит ва ҷойи апексро, ки пештар В. Гершел муайян карда буд, аз рӯи ҳаракати ҳамагӣ ҳафт ситора тасдиқ намуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]